Некӣ карда натавонӣ, сангандозӣ макун!

Дар фосилаи ками таърихӣ дар давраи 30 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.

Ҳадафҳои асосии кишвар ҳифзи манфиатҳои олии кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини амнияти миллӣ, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳо, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони кишвар, таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилал мебошад. Тоҷикистонз байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷабҳаи аввали мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад. Имрузҳо бояд шукронаи сулҳу ваҳдатамонро кунем, ки дар фазои орому озод зиндагӣ ба сар бурда истодаем. Нагузорем, ки гурӯҳҳои ифротгаро ба сулҳу суботи  сарзамини биҳиштосои Тоҷикистони мо халал ворид созанд. Дар ин замони ҳассос ҳушёрию зиракии ҳар ҷавони кишвари соҳибистиқлоламон метавонад барои ҳимояи якпорчагии ватани азизамон хизмат кунад.

Ҷавонони даврони истиқлолият ояндасози кишваранд ва барои тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву, ватанпарастӣ тамоми шароитҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар муҳайё карда шудааст. Нафаре, ки ба қадри ин ғамхориҳо намерасад ва онро бо ҷавоби ғаразнок ифода менамояд, нохалаф, кӯрнамак аст. Агар ӯ ватандӯст мебуд, барои пешбурди кишвар саҳм мегузошт. Ба ин зумра гуфтаниам: Аз дастат ояд, саҳматро гузор, агар не, беҳтараш зарари худро нарасон.

Дунё АЗИЗӢ,
устоди донишгоҳ

Add comment


Security code
Refresh