Балвогари хасин ё хӯсаи балвоангез?
- Details
- Published on Friday, 13 September 2024 10:25
Дар фазои беканори иттилооти муосири ҷаҳон раванди таҳаввулотии ҷаҳонӣ торафт тезутундтар гашта истодаасту симоҳои нави балвою ошӯбгар ё худ ифротиро рӯи саҳнаи зиндагӣ овардааст, ки иҷрогари фармонҳои хоҷагони пасипардагӣ мебошанд. Мубориза барои гирифтани мақому мавқеи мусоиди иқтисодӣ ва дигар ғаразҳои моддиву маънавӣ ё худ пайдо кардани қудрати идорасозии мардуми маҳалҳои ҷудогона нафарони сиёҳдилу сиёҳкориифротиро ором намегузоранд ва онон барои амалигардонии нафсонияти худ ба ром кардани гурӯҳе аз бефарҳангони бадтинат ва омодаи хиёнаткорӣ мепардозанд ва баъзан муваффақ ҳам мешаванд. Боиси тазаккураст, ки дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки бо сабаби нопокию бадзотӣ ва бетарбияю бемаърифат моили гаравидан ба чунин домҳою душманонро доранд, ки асоси онҳоро ҳисси ҳайвони – хираи молу чиз айшу ишрат, фосиқӣ идора менамояд. Мавҷудияти чунин палидон бапопулятсияи инсонӣ хавфу хатари олудашавӣ ё заҳролудшавӣ пеш меоварад.
Нафари зочатинате дар айёми таҷлили иди ҷаҳони Наврӯз мардумро ба тазоҳуроти сиёсӣ даъват менамояду дигаре амалҳои роҳбарияти олии кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони биҳиштосои файзборро аз ҷиҳати манфият талқин медиҳанд. Ҳол он, ки худ бемаълумоти чаласаводу пастфират асту танҳо мақсад дорад, ки кардаҳояш ба хоҷагонаш маъқул гардаду мукофоти пулии бештар диҳад. Бо сабаби бефарҳангиву бемаърифатӣ дарк наменамояд, ки нидоъҳои ифротиаш кадом натиҷа меоварад ва ҳоли ҳамватанону пайвандони худи ӯметавонад вазнин гардад.
Бохабар гаштан аз нидою даъватҳои нави ифротӣ эҳтимол танҳо нафарони соддалавҳу бетаҷриба, эркатулфори пучмағзро мутавоҷеҳ гардонад. Зеро, аксарияти мардуми заҳматпешаи кишвар аз разилию иғвогариҳо дасисабозиҳо хоҷагони паси пардаи наҳзатиёни ифротӣ давоми 30-40 соли охир хеле хуб бохабаранд. Мақоли халқи маънӣ меоварад, ки“ Кӯр асояшро як бор гум мекунад.” Аз ин лиҳоз, мардуми Тоҷикистон бо назардошти дарёи оқибатҳои нохуши муборизаҳои хунину офатовари солҳои 90-уми асри гузашта соҳибқудратанд, ки ба чунин даъватҳоюнидоҳои муғризонаш нафарони бешарафу бе номуси наҳзатиёни ифротӣ эътиқоде надоранд ва ҳамеша онҳо маҳкум менамоянду омодаанд ин тоифаи фосиқони шиагароро сангборон намоянд. Гарчанде бо сабаби набудани ин хоинони ватангадо дар пеши назар метавон ба сӯи онҳо бо меҳнати суботкорна ва садоқат ба Ватани маҳбуб ҷавоб дод, ки мисли найзаи нӯгтез ба ҷисми ифротӣ мехалад. Агар найза таъсир накард он ҳамон хӯсаи беҷон будааст, ки шабеҳи хӯсаи киштзоре аст, ки ҳатто паррандаҳо аз ӯ нараманд.
Собиров М.С
– дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети
геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”