ВАТАНДЎСТӢ –ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Имрўз ҳар як фарди бонангу номус намехохад, ки ба мардуми Тоҷикистон  осебе  расад, пас он чиро ки боиси вайрониҳо  ва харобкориҳо  мегардад, ҳар чӣ зудтар  аз байн бубарем.

Дар баъзе аз қисматҳои Тоҷикистони мо   одатҳо  ва аъмоли  бади иҷтимоӣ ҳастанд, ба монанди  терроризму экстремизм коштани маводи нашъаовар, хариду фурўш ва ё истеъмоли он, даст задан ба дигар корҳои номатлуб шуда истодааст, ки ин гуна корҳо ё одатҳо метавонанд  зарари бардавом  ва ҳаёти халқи  тоҷик ворид кунанд. Вақте ки мо ба ҳам дар роҳи зиёд намудани ҳосилнокии заминҳо кор мекунем , бадин васила  таҳкурсии   асосиеро барои наслҳои оянда  месозем, то онҳо  битавонанд дар заминаи он  ба зиндагии худ  идома диҳанд.  Ҳамзамон бо ин мо бояд  наслҳои ояндаро  барои зиндагии оянда  омода кунем .

Даврони баъди аз дунёи имрўза фарқ хоҳад кард.   Фарзандони мо  ба поя ва асоси донише, ки ба равишҳои зиндагии онҳо мутобиқат намоянд, эҳтиёҷ хоҳанд дошт, то онҳо аз вақти худ пурсамар истифода намоянд. Ҳар як шахс бояд бо истифода ба ақл  ва донишаш худро ба тағйирот  омода намояд. Дастрасӣ  ба илм ва дониш муҳим  аст,  ҷавонон бояд, дар ҳаёт ҳеҷ фурсатеро  баҳри такмили истеъдоди худ  аз даст надиҳанд, зеро ки  онҳо дар даврони  таҳсилоти худ  тасмимоте хоҳанд гирифт,  бигзор ин тасмимот  оқилона ва  огоҳона бошад  ва ояндаро дарк намоянд. Агар имкони   идомаи таҳсил дошта бошанд, ин  фурсатро бесамар аз даст надода, онро баҳри  рушду камолоти шахсии худ  истифода намоянд.  Имрўз  ба дӯши  донишомўзони кишварамон як масъулият аст, бояд ки  онҳо худро  барои оянда омода созанд,     то бад-он васила дар оянда барои  пешрафти   кишвари худ  ва ҷамоати худ  ёрӣ расонанд.Ҳар яке аз ҷавонони мо бояд  ба хотир дошта бошанд, ки  ин барои онҳо  муносибаттарин  замонест, то худро баҳри  хидмат ба ҷамоати худ, ба хонаводаи худ ва ба кишвари худ  дар оянда омода кунанд.   

Бояд ҳар як шахс  нияти шогирди беҳтарини он мактаб  ё он донишгоҳ  шуданро  дошта бошад.  Чун ҷаҳон кучактар мешавад, пас зарур аст, ки мардумон  байни худ ҳамкорӣ кунанд, ба ниёзмандон кӯмак расонанд ва аз   дониш ва таҷрибае, ки   ба даст   овардаанд, тамоми ҷамоатро баҳравар  созанд.  Танҳо бо ин роҳ мо метавонем  худро ва фарзандони худро наҷот  диҳем  Вале баъзе афрод и аз илму фарҳанги хираду  фаросати инсонӣ  бехабар ин шаъну  нуфузи  миллати   тамаддунофари  бостониро  доғдор  кардани шуда баҳаракатҳои  ифротгароиву  экстремистӣ  ҳамроҳ гардида  ҷони худ ва дигаронро зери хатар  мегузоранд. Афсӯс  имрӯз    баъзе аз шаҳрвандони мо  ба пастию баландии зиндагӣ сабру  тоқат накарда     ба корҳои номатлуб даст мезананд. Зиндагии ҳар як шахс  ба худи ӯ вобаста  аст. Бояд  ба ҳеҷ гуна душворӣ  нигоҳ накарда, ҳунар  омӯзад ва  пешаи худро интихоб карда, ҳар лаҳзаи ҳаёташро  баҳри касби пуршарафи  худ дареғ надошта меҳнат кунад. Агар кас пешаи дуруст интихоб карда меҳнат кунад ӯ ҳамеша ҳама гуна дарду ранҷро  низ аз сари  худ дур карда метавонад. Сарбаландии ҳар як шахс  натиҷаи меҳнату  машаққати ўст.

Умри барои инсон танҳо як маротиба муяссар  мегардад.  Пайдост, ки  дар олам касе ҷовидон  нест. Аммо кори неку амали нек ҷовидонист.  Интихоби дурусту  манфиатбахш тамоми умр ба инсон  хушию сурур, рӯзгори осоишта  ва хони обод меорад.

Силмонова Сурма Исломбековна
кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии ДКМТ

Add comment


Security code
Refresh