Ватани зарзаминам обод бод то абад!
- Details
- Published on Friday, 13 September 2024 10:32
Инак, зиёда аз як сол мешавад сипарӣ мешавад, ки вабои нави асри XXI – пандемияи бемории сироятии COVID – 19 фарогири мамлакатҳои олам шудаасту баъзе давлатҳо мавҷи сеюми онро паси сар карда истодаанд. Теъдоди мубталогаштагон беш 125 миллион нафарро ташкил додаву қариб 3 миллион нафар шаҳрвандон аз ин беморӣ ҳалокат ёфтаанд. Ҳангоми шиносоӣ бо вазъи ҷаҳонӣ, омӯзиши маълумотҳои мавҷуда, таҳлили натиҷаҳои фаъолияти қишрҳои мухталифи ҷомеа шахсан манро ҳисси гуворои ифтихор аз тоҷику тоҷикистонӣ буданам фаро мегираду шукронаи обу хоки Ватани маҳбуб, фазои орому осудаи кишвар ва фахр бо роҳбарияти олии Тоҷикистон мекунам.
Нафаре, ки худ заҳматпеша аст, нони ҳалолу пок пос медорад, ҳатман ба қадри заҳматкаши дигар мерасад. Сиёсати дурбину дурандешонаи масъулини Ватану ватандории кишварамон буд, ки аксарияти балою балвоҳоитаҳдидкунанда сари вақт пешгирӣ ва рафъ карда мешаванд. Амалҳои муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муборизаи беамон бар зидди коронавирус тамоми қишри солимақли ҷомеа мушоҳидаву баҳодиҳӣ кардааст ва танҳо нокасони ватанфурӯши наҳзатӣ онро нодида мегиранд. Шукронаи толеи баланд, иқболи пурбаракоти тоҷикистониён мебояд кард, ки Офаридгор бар замми замини зархезу оби пок табиати зебою нотакрор бар мо роҳбарони покдилу содиқ ба Ватанро додааст. Гарчанде, пандемияи коронавирус то ба охир маҳв нашудаву мубталогардӣ ба он дар аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон идома дорад, кашфи вояҳои зиддивирусӣ ва эмкунии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ боиси паст гардидани хавфу хатар ба саломатӣ шудааст.
Тоҷикистон бо табиати нотакрори биҳиштосояш ва заҳмату талошҳои муваффақонаи роҳбарони ғамхору раиятпарвараш аз вабои аср хеле дар амн асту шаҳодати онро дар фаъолияти мӯътадилу мунтазами бемористонҳо мувофиқи таъиноти мақсаднокашон мебинем. Танҳо, баъзе норасоиҳо ба чашм мерасанд, ки нишонаи фориғбол гаштани қисми аз аҳолӣ шудааст. Қатъ гардидани корҳои безараргардонӣ дар кӯчаву маҳаллаҳо, дохили муассисаҳову ташкилотҳои давлатию хусусиро агар бо хароҷоти молиявӣ марбут донем, ҳамватанон бо кадом сабаб аз пӯшидани ниқоби тиббӣ даст кашидаанд, номаълум боқӣ мемонад. Мушоҳида гардида истодааст, ки имрӯз аксарияти мардум аз истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ дар нақлияти ҷамъиятӣ, марказҳои савдо, нуқтаҳои хӯроки умум ва ғайра худдорӣ ва беэътиноӣ зоҳир карда истодаанд, ки боиси нигаронист.
Аз ҳамватанони азизу гиромиқадр бо исрор хоҳиш менамоям, ки нисбати риояи тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ беъэтибор набошанд, зеро “эҳтиёт - ними ҳаёт” аст
Собиров М.С – дотсенти кафедраи экология ва
ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ
“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”