Моро ба ҳоли худ гузоред....
- Details
- Published on Friday, 13 September 2024 10:07
Сад афсӯсу дареғ, ки бархе аз кӯрнамакон ба монанди М.Кабириву ҳаммаслакони ӯ, ки худ гурезаанду дар мамолики ғайр иқомат карда, мардуми ноогоҳу муҳоҷири тоҷикро ба гумроҳӣ даъват намуда истодаанду бонги озодихоҳӣ ва ободиро мекунанд...
Дирӯз назарам ба як видеонаворе афтод, ки ана ҳамин хоин – Кабирӣ бо ибораи “Шаҳрванд, як инсон, муҳоҷир ин ташаббусро нишон дод, хостааст, ки мардумро дар рӯзи ҷашнигирии Наврӯз ба тазоҳурот даъват намудааст....” оғоз намудааст. Аминам, ки ҳеҷ муҳоҷире мавҷуд нест, магар ки он муҳоҷир худаш бошад ва ё пайравонаш... ин ба хислати ӯ монанд аст, зеро аз номи касе сухан кардан шояд дар назди виҷдонаш ба вай сабукӣ орад. Ва боз дар ҳама наворе, ки мегузорад, гӯиё ба сифати меҳмоне ба телевизиони “Паём” даъват шуда бошад бо “ташаккур ба телевизиони “Паём” барои даъват” – гӯён сухан оғоз мекунад... Ки ба ин сохтакорӣ бовар мекунад, ҳамагон огоҳанд, ин “Паём”-у “Ислоҳ” ҳама моли худи шумо нохалафон асту ҳадафу мароми шумо вайронсозии сохти давлатӣ ва нооромсозии халқ... Ҳар амали шумо наҳзатиёни наҳс дар чорчӯбаи ҳисоботдиҳӣ ба хоҷагони хориҷиатон асту дигар боке нест.
Шарифзода М.