Санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021»

Субҳи рӯзи 22 июли соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар саросари мамлакат санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ дар вилояти Суғд 28 ҳазору 340 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин 2 ҳазору 747 нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омаданд ва ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Раиси вилояти Суғд, сардори Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3 Раҷаббой Аҳмадзода ба Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути шабакаи алоқаи видеоконфронсӣ оид ба иштироки афсарону сарбозон ва захираҳои сафарбарӣ дар чорабинӣ гузориш дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни гузашти низомии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ки дар шаҳри Душанбе доир гашт, бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки ин чорабинӣ дар сатҳи баланд гузашт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh