БАР ҲИФЗИ ВАТАН ЁР БАРОЯД АВВАЛ…

Рӯзи 22-юми июли соли равон дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон  бо мақсади санҷиши  омодабошии ҷангии  ҷузъу томҳо  тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Сарфармондеҳи  Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қаламрави мамлакат санҷиши омодабошии ҷангии  Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  афсарону сарбозон  гузаронида шуд.

Ин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявии сиёсӣ тариқи тамоми шабакаҳои телевизиони  кишвар тамоми рӯз намоиш дода шуд. Чунонки мардуми диёрамон шоҳид гаштанд, аз соати чори субҳ  дар тамоми шаҳру ноҳияҳо сарбозону афсарон бо бонги хатар ба омода кардани техникаи ҷангӣ, яроқу аслиҳа, тайёраю чархбол  бошитоб шуруъ карданд. Дар ин субҳи босафо дар як минтақаи кишвар ҳавои софу беғубор бошад, дар бархе минтақаҳо бориш ба назар мерасид. Вале ба боду ҳаво, туман ва торикӣ, вазнинии роҳҳо  нигоҳ накарда, ҷавонмардони ҳузарбу шуҷои Ватан дар даст яроқу аслиҳа баҳри ба ҷо овардани масъулият ва вазифаи хеш мешитобиданд. Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борони бошиддат меборид, вале сарбозон ба ин гӯё аҳамият намедоданд, ҳатто мижа назада, дар иҷрои вазифа меистоданд. Дар шаҳру навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Исфара шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, умуман дар ҳамаи нуқтаҳои сарзамини азизамон сарбозон фаврияти баланди омодабошӣ, эҳсоси баланди ватандӯстии худро намоиш доданд. Ман ҳамчун як нафар шаҳрванди ин мамлакат  парвози тайёраҳои ҷангӣ, чархболҳо, техникаи артиллерӣ ва миномётӣ, танкҳоро дида, аз нигоҳи чашмони афсарону сарбозон ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва меҳанпарастиро эҳсос намуда, ба худ гуфтам, ки мулки  тоҷикон, барҳақ, сарзамини мардони баору номус ва сарбаланду  ҷасур аст. Дар маҷмуъ, дар ин чорабинии сиёсӣ, тавре аён гашт, беш аз 230 ҳазор нафар афсарону сарбозон ширкат намуданд.

Чунонки дар охири санҷиши омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, вазъияти ҷаҳон, бахусус вазъи имрӯзаи кишвари ҳамсояи Афғонистон моро водор мекунад, ки ҳар лаҳзаву дақиқа ҳушёриро аз даст надиҳем, ба ҳифзу ҳимояи ҳар пора хоки Ватани азизамон омода бошем.

Як нуктаи хеле ҷолиб дар баргузории ин санҷиши омодабошии ҷангӣ  он аст, ки дар ин чорабинӣ ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ низ иштирок карданд. Аз  гузашти низомӣ  мушоҳида гардид, ки  аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат садҳо ҷавонмардони далеру баор дар ин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуданд.

Барҳақ, имрӯз натанҳо  онҳое, ки дар сафҳои неруҳои мусаллаҳи мамлакатанд, балки тамоми шаҳрвандони кишварро лозим аст, ки эҳтиёткорӣ, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба тарбияи фарзандон, ки оянда посбонону сипари боэътимоди Ватананд, эътибори ҷиддӣ диҳанд. Шоир барҳақ, дуруст гуфтааст:

Бар ҳифзи Ватан ёр барояд аввал,

Баҳри шарафу ор барояд аввал,

Рафоат МӮЪМИНОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh