Амалҳои Муҳиддин Кабирӣ нобахшиданист

Дар ҷамъият шахсиятҳое вомехўранд, ки барои тараққиёту шукуфоии Ватани хеш хизматҳои шоёне ба анҷом мерасонанд ва ҳамешагӣ мекўшанд, ки барои нафъи мардум хизмат кунанду Ватани хешро обод созанд.

Дар таърихи навини тоҷик чунин шахсияти ободкору ватандўст Сарвари давлат ҳастанд, ки бо заҳмату талошҳои худ ҳамешагӣ мекўшанд то ба мардум зиндагии осударо фароҳам созанд.

Аммо бо вуҷуди чунин шахсиятҳои бузург, боз дар ҷамъият шахсиятҳое вомехўранд, ки нисбати онҳо чӣ қадар суханҳои қабеҳтарин гуфтан ҳам кам аст, ки яке аз онҳо Муҳиддин Кабирӣ мебошад, ки бо амалҳои ғаразноки худ аз берун истода бароибоз ҳам дар байни мардум иғво андохтан кўшиш мекунад. Бо кадом мақсад? Бо мақсадихалалдор сохтанимардум?

Вайаллакай худаш пай бурда истодааст, ки халқ бедор шудааст. Пешвои худро интихоб карда бо роҳи сулҳу осоишта рафта, бо кору фаъолияти худ машғул аст.

Муҳиддин Кабирӣ, ки ин пешравиҳоро дида наметавонанд, чӣ кор аз дасташ меояд, роххои гуногуни барафрохтани низое, ки бадбинии мардумро нисбати ҳокимият ба амал меорад, ҷустуҷў дорад.

Дар яке аз давлатҳои Аврупо зиста нисбати Тоҷикистон фикру ақидаи беасоси худро интишор мекунанд, ки ин магар аз рўи мардигӣ аст?

Барои ба ин дастовардҳои имрўза расидан чӣ қадар заҳматҳои шабонарўзӣ, чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда гузаштанд, магар ин кам аст? Дар ҳолате, ки шумо аз як канор истода он чӣ ки ба даҳон меояд , мегўед ва ҳокимияти Тоҷикистонро дар ҳар чиз гумонбар месозед , метавон гуфт, ки бо ин роҳи демократиро ҷустуҷу доред? Демократия ин пешравии мамлакат, сулҳу ободии Ватан, розигии мардум, рўзгори осудаву ороми халқ мебошад.

Фақат озодии демократиро ба миён гузошта ақидаҳои ғаразноки худро паҳн кардан ҷоиз нест.

Тоҷикон халқи сарбаланду қавиирода буда, баҳар гуна ақидаҳои ғаразнок бовар намекунанд. Халқи тоҷик сиёсати хирадмандонаи Сарвари муаззами миллатро дастгирӣ мекунад ва мекўшад, ки бо меҳнати софдилонаи худ Тоҷикистони азизамонро ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил диҳад.

Меҳримоҳ Ватанзода

Add comment


Security code
Refresh