ВАТАН ҲИМОЯТГАРОНИ БОЭЪТИМОД ДОРАД!

Санаи 22-юми июли соли равон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Санҷиши омодабошии ҷангӣ. Марз-2021» баргузор гашта, он тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шуд.

Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ «Санҷиши омодабошии ҷангӣ. Марз‐2021» дар сатҳи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ баргузор гардид. Ҳар як кишвар барои пойдории сулҳу оромияш пайваста талош мекунад, зеро падидаҳои номатлуби замони муосир, аз қабили терроризм ва экстремизм моро водор месозад, ки ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва ҳимояи марзу буми давлатиро дар ҷойи аввал гузорем.

Садоқати ҳар фарди ватандӯст ба Ватан, модар, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ҳамеша моро аз хатарҳои замони муосир эмин медорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар ин чорабинии басо муҳим зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки: «Ҳимояи амнияти давлат ва ҳифзи оромии ҷомеа барои мо муқаддастарин, муҳимтарин ва афзалиятноктарин буда, мо ин корро бо кадом қиммате, ки бошад, анҷом медиҳем». Ин суханҳои Пешвои миллатро бояд ҳар шаҳрванди Тоҷикистон шиори худ намоянд. Зеро бо ҳама таҳдиду хатарҳо ва набасомониҳо дар давлатҳои ҳамсоя мо сулҳу оромиро бо ташаббус ва сиёсати Пешвои миллат нигаҳ дошта истодаем. Барои оромиву суботи кишвар бояд ҳама талош намоянд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ рӯз то рӯз пуриқтидор гардида, дар лаҳзаҳои зарурӣ он метавонад аз сарҳади давлатии Тоҷикистони азиз дифоъ намояд.

Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат сиёсати сулҳҷӯёнаро пеш гирифтааст, ки ин борҳо собит гаштааст. Дар ин маврид Ҷаноби Олӣ бори дигар таъкид доштанд, ки: «Мо Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарем. Баръакс, мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамҷаворамон сулҳу субот ҳукмфармо бошад ва мо бо онҳо дар фазои оромиву субот ва дӯстиву ҳамкорӣ зиндагӣ кунем». Санҷиши омодабошии ҷангии Марз-2021 бори дигар собит намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави мамлакат иқтидори худро баланд бардоштааст. Он бо системаи ягонаи марказонидашуда пайваст буда, дар ҳолатҳои зарурӣ бо тамоми қувва аз сарҳади давлатӣ ҳимоят мекунад.

 Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh