ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. ҲАЁТИ ОСОИШТА ҲИМОЯ ВА ТАЪМИН АСТ

Соати чорӣ субҳи 22-юми июли соли 2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Дар чорабинии зикршуда, ки таҳти унвони «Марз‐2021» гузаронида шуд, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуданд.

Чорабинӣ дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, соати ҳафти субҳ бо натиҷаҳои сатҳи баланд ҷамъбаст гардид. Мушоҳида шуд, ки иқтидори ҳарбии мамлакат аз тасаввур бештару беҳтар аст. Ба ростӣ, то ба ин сатҳ расидани техникаву лавозимоти ҳарбӣ, тартибу низом, аслиҳаву муҳимоти муосири ҷангӣ муҷаҳҳаз намудани Артиши миллӣ ва мақомоти қудратии Тоҷикистони азизамон дар тамоми қаламрави кишвар боиси аҳсану офарин аст. Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст.

 Бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Яъне афсарону сарбозони ватандӯст ва бонангу номуси мо дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона ва ҷавонмардона иҷро карданд. Баргузории чунин маъракаи умумимиллӣ дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳони имрӯза рӯйи кор омад ва, бешубҳа, иқтидор, тавоноӣ ва аз ҳама муҳим якдилию якмаромӣ ва сарҷамъии шаҳрвандонро алайҳи ҳамагуна таҳдиду зуҳурот собит сохт. Маълум гардид, ки ҳифзи амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ, яъне сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат барои давлатдории мо аҳамияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад. Вазъи кишвари ҳамсояи мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус минтақаҳои шимолии он, ки бо кишвари мо ҳамсарҳад мебошанд, бениҳоят мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои онҳо рӯз ба рӯз мураккаб гардида истодааст. Дар иртибот ба вазъи ноороми минтақа таъкид намуд, ки мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон ҳамеша омода бошем.

Мушоҳидаи муҳим ва омӯзанда он буд, ки иштирокдорони машқи низомӣ, бахусус афроди эҳтиётӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба либоси ҳарбӣ ва масъулияти хештанпарварӣ фаъолона ширкат варзиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, то зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо маротиба аз минбари бонуфузтарин созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ масъалаи ҳалли мушкилоти Афғонистонро ба миён гузошта, таъкид намудаанд, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва мушкилоти ин кишвар бояд бо роҳҳои мусолиҳатомез ва осоишта ҳаллу фасл карда шавад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба қазияи Афғонистон зикр намуданд, ки : “Бо дарназардошти чунин таҷрибаи талхи таърихӣ мо ҳеҷ гоҳ ба масоили дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем. Ҳамчунин, қотеъона иброз медорем, ки мо Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарем. Баръакс, мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамҷаворамон сулҳу субот ҳукмфармо бошад ва мо бо онҳо дар фазои оромиву субот ва дӯстиву ҳамкорӣ зиндагӣ кунем. Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсояи наздиктарини мо, кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанги мо мебошад.

Бинобар ин, мо ба сарнавишти мардуми он бетафовут нестем”. Як қатор коршиносон, шаҳрвандони Афғонистон дар сомонаҳои минтақавию байналхалқӣ ба ҷасорат, самимият ва инсондӯстии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳсан хонда, онро намунаи олии арҷгузорӣ ба фарҳангу оини халқиятҳои Афғонистон арзёбӣ намуданд. Мусаллам аст, ки миллионҳо нафар шаҳрвандони Афғонистон солҳост, ки беватан ҳастанд ва дар даҳҳо мамлакати дунё, дур аз ватани аҷдодӣ ва хонаву дари худ умр ба сар мебаранд. Ва ба қадри озодӣ, оромӣ ва таъмину амнияти кишвар мерасанд, то ба кадом дараҷа муқаддас будани онро дарк менамоянд. Ин баҳои одилона ва холисона ба коршиносон ва сокинони Афғонистон бори дигар аз сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Артиши миллӣ ҷиҳати бунёду таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ, ташкили навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, пурра намудани он бо ҳайати шахсӣ ва беҳдошти омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд. Артиши миллии кишвар дар муддати хеле кӯтоҳ ба як неруи бузурги ҷангӣ табдил ёфта, қодир аст, ки дастоварду манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намояд. Ҳифз ва ҳимояи Ватан, муҳофизати арзишҳои миллӣ, масъул будан дар оромию осоиштагии кишвар вазифаи ҷонии ҳар яки мо, шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

"Марз‐2021" собит намуд, ки воқеан Тоҷикистон дорои неруи мастаҳками ҳарбӣ буда, бо истифода аз он дар ҳар шароите қодир аст, ки сулҳу суботи кишварро таъмин намояд. Гузашта аз ин, тамоми шаҳрвандони кишвар низ собит намуданд, ки бо матонату ҷасорат ва ғурури баланди тоҷикона омодаанд, ки ба қимати ҷон истиқлол ва оромии Ватанро гиромӣ ва ҳифз намоянд. Мо бояд шукронаи ин давлату миллат намуда, дар канори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии сарзамини аҷдодиямон саҳмгузорӣ намоем.

Маъмури ЮСУФЗОД,

 Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh