ТАҲДИДҲОИ ИФРОТГАРОЁН БЕБУНЁД АСТ!

Имрӯз мутаассифона, тамоми ҷидду ҷаҳди роҳбарияти ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъшуда барои бӯҳтон задан дар ҳаққи кишвари худ равона шудааст.

Бо истифода аз далелҳои бардурӯғ мехоҳанд таваҷҷуҳи оламиёнро ба ин масъала ҷалб намоянд ва ба ин васила ба мақсадҳои ғаразноки худ бирасанд. Тамоми амалҳои ин гурӯҳи фаъолияташ дар кишвари мо мамнӯъшуда барои иғвоангезӣ равона шудааст. Онҳо дар кишварҳои ғарб умр ба сар мебаранд ва аз ҳамон ҷо тавассути интернет бархе аз ҷавонони моро гумроҳ карда, мехоҳанд ба мақсадҳои ғаразноки худ бирасанд.

Фаъолияти ин гуна гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистиро метавон ҳамчун таҳдид ба амнияти милливу давлатӣ эътироф кард. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ диҳем, нагузорем, ки онҳо ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд, эътибори кишвари моро дар арсаи байналмиллалӣ коста гардонанд. Шубҳае нест, ки Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ҷаҳониён собит сохт, ки вай доимо ҷонибдори бунёди давлати воқеан демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Имрӯз муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаҳони хориҷӣ аз рӯи принсипи эҳтироми манфиатҳои тарафайн ба роҳ монда шуда, барои рушди устувори кишвар равона гардидаанд.

Сиёсати муваффақи дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд рафтани обрӯ ва мақоми он дар сатҳи байналмиллалӣ мусоидат намуд. Бо шарофати сиёсати хориҷии “дарҳои кушод” мо тавонистем, ки бо мамлакатҳои дуру наздик муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи судманд ба роҳ монем, ки мувофиқи мақсад аст.

Солҳои охир нишондиҳандаи афзоиши ҳамасолаи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон яке аз баландтарин дар сатҳи ҷаҳонӣ боқӣ монда, дар расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар нақши назаррас дорад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба ояндаи кишвар бо назари нек нигоҳ намуда, итминони комил доранд, ки солҳои наздик шароити зиндагонӣ боз ҳам хубтару беҳтар хоҳад гашт.

Камолиддин РАҶАБЗОД

Add comment


Security code
Refresh