БО ИФРОТГАРОӢ ОШТИНОПАЗИР БОШЕМ!

Мушкилоте, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм мебошад. Тайи солҳои охир нерӯҳои ифротгаро бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.

Терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият маҳсуб меёбад. Имрӯз терроризм ва экстремизм, гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст. Шаклҳои зуҳури ин падидаи номатлуб терроризм аз рӯи хусусиятҳояш гуногунҷабҳа буда, дар давраи ҳозира дар шаклҳои гуногун зуҳур мекунад.

Кишвари мо ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир, хусусан терроризм ва экстремизмро маҳкум менамояд. Гурӯҳҳои ифротӣ чун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Бояд нисбат ба ин гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки аз тарафи бархе аз кишварҳои абарқудрат созмон дода шуда, сармоягузорӣ мегарданд ва бо истифода аз дини мубини Ислом, ки ойини покиву таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бурд. Ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури амалҳои номатлуб вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди баномуси миллат мебошад.

Бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд муттахид бошем.

Мӯтабар ФАЙЗУЛЛОХОҶАЕВА,
муовини директор оид ба корҳои
тарбияи Гимназияи №4‐и шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh