Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози корҳои мумфаршкунии роҳ дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд

Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Саъдии деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои мумфаршкунии роҳи дарозиаш 10,4 километр ва паҳноии 5 метр оғоз гардид.

Маврид ба зикр аст, ки бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз дар деҳоти Хистеварз 10,6 километр роҳҳои мошингарди дохили маҳаллаҳо мумфашр гардидааст.

Дар баробари корҳои ободонӣ дар деҳоти мазкур бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои тандурустӣ, маориф, марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ ва дигар хизматрасониҳои хоҷагии халқ мавриди истифода карор гирифтаанд.

Сокинони деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба мисли дигар шаҳрвандони ватандӯсти кишвар аз пайи ободонию созандагии махаллу дехоти худ мебошанд.

 

Add comment


Security code
Refresh