БАДХОҲИ КАСОН ҲАРГИЗ БА МАҚСАД НАРАСАД

Терроризм ва экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти онҳо имрӯз ба тамоми кишварҳои олам ва умуман тамаддуни инсонӣ хатари ягонаи доимафзоянда доранд. Равнақ гирифтани фаъолияти ташкилотҳои террористӣ, ки дорои характери трансмиллӣ мебошад, муттаҳидсозии кӯшишу талоши ҷомеаи ҷаҳониро оид ба коркард ва татбиқи амалии тадбирҳои ҷавобӣ ҷиҳати таъмини амният ва субот дар сатҳи ҳар як кишвар ва умуман минтақа тақозо менамояд.

Ҳар ҳизбу созмон бо нияти ташаккул ва пешравии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин хидмат ба Ватану миллат ва дар асоси садоқату посдории муқаддасоти миллӣ ташкил мешавад, вале созмондиҳандагони ташкилотҳои террористӣ ба хотири ба даст овардани манфиатҳои хеш ва ба даст овардани ҳокимият дар сар орзуву ҳавасҳоеро мепарваранд. Созмонҳои ифротгаро, ки  бо дасти бегонагон идора ва маблағгузорӣ мешаванд, дар андак замон чеҳраи аслиашон кушода ва нияти шумашон баръало намоён мегардад.

Созмондиҳӣ ва барномарезии гурӯҳҳои сиёсӣ ва динӣ, ки одатан ба хотири ба вуҷуд овардани фазои нооромӣ  дар ҷомеа ва минтақаҳо амалӣ мешаванд, сухани тоза нест. Муҳаққиқоне, ки дар заминаи қолабҳои мафкуравӣ ва сиёсӣ таҳқиқ мекунанд, тамоми созмонҳои сиёсии исломиро, маҳсули сарпарастии бевоситаи хадамоти хориҷӣ медонанд.

Ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳо қудратхоҳ мебошанд ва ҳеч гоҳ ба хотири ҳадафи ягона муттаҳид намешаванд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон тӯли садсолаҳо аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекунад. Мазҳаби ҳанафӣ мардумро дар ин муддат ба таҳаммулгароӣ, ҳамзистӣ ва эҳтиром ба урфу одат ва арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ менамуд.

Мо, тоҷикистониён, дар пешгирии ин ҳама хатарҳои замони муосир чӣ иқдом карда метавонем? Тамоми аҳли ҷомеа  дар ин самт дар канор буда наметавонад. Падару модарон, муассисаҳои таълимӣ, уламои дин ва дигар ниҳодҳои давлатӣ барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб мусоидат карда метавонанд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон роҳи худро дар мавриди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намудааст. Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати мамлакат, аҳли ҷомеа намегузоранд, ки гурӯҳҳои таҳрибкор бо истифода аз арзишҳои динӣ ва расидан ба мақсадҳои носолими худ ба рӯзгори осоиштаи мардум халал ворид созанд.

Қурбонова Мусабеъхон 
– сармуаллимаи кафедраи фалсафа, ДДХ

Add comment


Security code
Refresh