Ғаразҳо тира cозанд рӯшноиро...

Яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир, ки тамоми ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст, зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм мебошад. заминаҳои пайдоиши терроризм дар ибтидо ифротгароӣ ё тундгароӣ аст. Ифротгароӣ маънои даъват кардан ба нооромиро дорад.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари маргро ба миён меоваранд. Истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон сохтани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Терроризм ва ифротгароӣ оқибатҳои нохуш дошта, таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки шахсе даст ба ҳаракатҳои номатлуби терроризм ва ифротгароӣ мезанад, ки ӯ сатҳи пасти дониши дунявию динӣ, маърифати ҳуқуқӣ, косташавии тарбия дар оила дорад. Агар ба таърих назар андозем, инсон аз вартаи ҳайвон бо доштани шуур фарқ мекунад. Шуурнокии шахс аз донишандӯзии худи ӯ вобастагӣ дорад. Ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ, ки барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ аксар махфӣ фаъолият мебаранд, ба тори нозуки эътиқоди мардум нохун мезананд. Барои заҳролуд намудани шуури одамон бо чунин роҳ ва усулҳои гуногун, аз қабили ватандӯст вонамуд кардан, сирф аз номи дини мубини Ислом баромад намудан, молпарастӣ, сарватдӯстӣ, бераҳмӣ наз-дик мешаванд. Бо чунин роҳ дини мубини Исломро барои ноил шудан ба хостаҳояшон истифода мебаранд. Дар баъзан ҳолат найрангҳои ифротгароён натиҷа дода, ҷавонони мо фирефтаи ин зуҳуроти номатлуб мегарданд.

Мушкилии аксарияти шомилшудагон ба сафи ҳаракатҳои экстремистӣ маҳз мӯҳтоҷиву дастнигарист. Бояд фаромӯш накард, ки ба сафи ҳаракатҳои экстремистӣ шомил гаштан мушкилиҳоро ҳал намесозад. Баръакс, моро ба доме мекашад, ки инсон бо дастони худ ҳаёташро месӯзонад. Бинобар ин, ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият зиракии сиёсиро аз даст надода, дар мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа фаъол бошад. Омӯзгоронро зарур аст, ки насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, корҳои со зандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият тарбия намоянд. ватани худро дӯст дорем ва онро аз ашхоси нохалаф ҳифз намоем.

Гулафрӯз САНГИНОВА,
омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи
литсейи шаҳраки Меҳнатобод, ноҳияи Зафаробод

Add comment


Security code
Refresh