ХАБАРҲОИ БЕМАЗМУНУ БЕАСОС ОРОМИИ ҶОМЕАРО НАБОЯД ХАЛАЛДОР СОЗАД

Дар шароити имрўза аз амалҳои ифротгароёна дар кишварҳои алоҳида мушоҳида карда мешавад, ки асоси он иғвогарии қувваҳои ҷудоихоҳии берунмарзӣ  ба ҳисоб меравад. Мақсади  ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ҳадафҳои нопоки худро ба амал баровардан, халалдор намудани оромиву суботи ҷомеа мебошад.

Ин гуна қувваҳо аз тарафи давлатҳои хориҷӣ дастгирӣ карда мешаванд ва шаҳрвандони  шуурнокии маънавӣ, маданӣ ва ҳуқуқии онҳо паст  ҳатто надониста, ки ба кадом роҳ рафта истодаанд, бо истифода аз сомонаҳои гуногуни ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ба гуруҳҳои иғвоангезанда шомил мешаванд.

Мутаассифона, як зумра шаҳрвандони мо, ки хоини ватану ватангадо шудаанд, имрўз аз хориҷа истода, сўи кишвари худ сангандозӣ мекунанд. Ба онҳо аз куҷо ва кӣ будани шаҳрвандони дорои маърифати пасти ҳуқуқидошта ва роҳгумзада аҳамияте надорад. Ҳадафи онҳо боз ба вартаи бесарусомонӣ  кашидани  кишвар мебошад.

 Гумон мекунанд, ки иғвогарии онҳоро ягон кас намефаҳманд, ё дар ин соҳа дониши кофӣ надоранд.

Имрўз мо дар ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ зиндагӣ мекунем, фаъолияти касбии соҳавӣ мебарем, мехоҳем пойдории давлатдории мо боқӣ монад, рушд кунад. Дар айни замон  мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол шинохта  шудаем. Дар ин ҷода оиди дастовардҳои зиёде, ки имрўз ба онҳо ноил гардидаем ва аз он ифтихор мекунем бисёр сухан гуфтан мумкин мебошад, ва онҳо аёнанд Ҳамин тариқ, ҷойгир намудани ҳама гуна маълумотҳои беасосу бемазмун, хабарҳои иғвоангезанда дар сомонаҳои ғайридавлатӣ ҷамъиятро ба гумроҳӣ, нофаҳмиҳо меорад. Тавре аз меъёрҳои конститутсионӣ бармеояд, хисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандустиву ватанпарастӣ ва садоқати халқ ба Ватан, сулҳу ваҳдат, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдоди гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Б.О.САМАДОВ,
дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи
соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh