Соҳибистиқлолӣ – неъмати бебаҳои мо

Дар фарҳанги мардуми тоҷик нахустин афкори ахлоқӣ одоби муошират ба шумор меравад. Шиори асосии фарҳанги қадимаи ниёгони мо, ки дар китоби муқаддаси “Авасто” бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд омадааст “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” буда, инсонро ба он раҳнамо месозад, ки ӯ на танҳо фикру андешаи нек дошта бошад, балки сухани хуб гӯяд ва, муҳимтар аз ҳама, дар ҳама ҳолатҳо бояд рафтори шоиста намояд.

Мардуми бофарҳанги тоҷик таи қарнҳои зиёд зери ин шиор амал намуда, дар байни ҷаҳониён мақом ва манзалати худро дорад.

Вале, мутаассифона, нафароне ёфт мешаванд, ки мехоҳанд осоиштагии ин миллатро халалдор намоянд.

Яке аз онҳо Муҳиддин Кабирӣ аст, ки як умр зидди кишвари худ иғво меангезад. Мехоҳад фикру ақидаҳои мардуми тоҷикро заҳролуд намуда, сулҳу суботи кишварро ноором созад.

Вале, ин нияташ амалишаванда аст. Ӯ бозичаи дасти хориҷӣ аст, ки бар ивази иғвоҳояш маблағ мегирад. Вале фикр намекунад, ки оқибати амалҳояш ба чӣ оварда мерасонад.

Мо, тоҷикон имрўз Истиқлолияти хешро ба даст овардаем ва он бароямон аз ҷон ҳам азизу муқаддас аст. Таи си соли давлатдорӣ Тоҷикистон машҳури дунё гаштаасту ҳамаи давлатҳои ҷаҳон моро эътироф мекунанду мешиносанд. Мо ҳаргиз намегузорем, ки сохти сиёсии давлати абарқудрати моро нокасону хоинон халалдор намоянд.

Мо ба мардони бонангу номуси миллати хеш итминон дорем.

Биоишаи Назар,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh