Сулҳу суботу амнияти ҷомеа - арзишҳои соҳибистиқлолӣ

Муҳити орому осуда ва солими оила на танҳо бевосита аз аъзои он, балки бавосита аз рафтору кирдори ҳамсоя низ вобаста мебошад. Дар ин радиф дӯстону пайвандонро зарур аст, ки бо тифоқӣ амну сулҳро дар ин байн татбиқ намоянд. Мисоли аёни ин равандро дар ҳамсарҳадии кишвари маҳбубамон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дидан мумкин аст, ки нооромиҳои дохилии он ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ хавфу хатар эҷод намуда истодааст. Бо сабаби бозиҳои сиёсии давлатони абарқудрат дар ин сарзамини ҷангзада гурӯҳи амалҳояш ифротӣ хондашудаи ҳаракати "Толибон" сари қудрати омадаву мардуми Афғонистон иҷборан муҳоҷират карда истодаанд.

Аз ҷониби аъзои ҳаракати “Толибон” ба даст гирифтани лаҷоми давлатдории кишвари ҳамсоя барои Тоҷикистону давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ хавотирӣ аз воридоти муҳоҷирон, гуруснагӣ сарсонии халқи ҳамдину ҳаммилат ва ғайраро ба вуҷӯъ пайвасту хушбахтона дар ин рӯзҳо ҳамбастагии дӯстонаи кишвари Тоҷикистон ҳувайдо гардид. Чун узви комилҳуқуқи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъона дар хоки Тоҷикистон машқҳои ҳарбӣ, таъминот бо аслиҳаи муосири ҷангӣ ва дигар амалҳои ҳамшарикӣ суръат гирифтаанд, ки эътимоди мардуми кишварро ба сиёсати одилонаю оқилонаи роҳбарияти олии кишвар қавитар гардониданд. Бори дигар исбот гардид, ки давлати навини тоҷикон танҳо несту дар лаҳзаҳои зарурӣ дӯстони боэътимод дорад, ки шаҳодати воқеии сиёсати муваффақонаи хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мардуми Тоҷикистон умедвор ва орзуманданд, ки дар Афғонистони ҳамсоя ҳарчӣ тезтар оромӣ ва созандагӣ ҳукмфармо бошаду мардуми оддӣ аз машаққату сарсонӣ, оворагардиву хавфу хатар орӣ ва эмин бошанд. Душманони хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол хуб дарк намоянд, ки давлати мо мардуми сарбаланду матиниродаи сарҷамъ дар атрофи ҳокимияти қонунӣ дорад, ки ҳамеша бо нерӯҳои иғвоангези беруна муқовимат карда метавонанд. Оромиву осудагӣ, сулҳу салоҳ, амнияти дастаҷамъонаро арзишҳои волои соҳибистиқлолӣ медонанду омодаанд, ки бо пешаи созандагию бунёдкорӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳмгузор бошанд.

М.СОБИРОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh