ҲАДАФҲОИ НОПОК АМАЛӢ НАМЕШАВАНД!

Афроди нохалаф, хоинони кишвар  аз разилтарин инсонҳо ба шумор меравад, ки ба Ватан-Модари худ, ба миллат ва халқи худ хиёнат кардаасту карда истодааст. Имрўз дар хориҷи кишвар қарор дораду Тоҷикистони азизу сулҳпарвари моро танқиду маломат мекунанд. Баъзан давлати моро  бо давлатҳои хориҷии Ѓарб муқоисаҳо мекунад. Ҳол он, ким о дар кишвари шарқиёна зиндагӣ дорем. 

Барои аъзоёни  ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслаконаш муҳим нест, ки  мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки ба ҳадафҳои нопокашон ноил шаванд. Мақсадҳои ғаразноки худро, ки хоҷагони хориҷӣ супориш додаанд, амалӣ созанд. Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки амалҳои онҳо чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад доштҳ  Ҳаминро гуфтанием, ки Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш – хиёнаткор нисбати халқи Тоҷикистон мебошанд! Таърих гувоҳ аст, ки ин хиёнаткорон аз амалҳои кардаашон ба асосҳои конститутсионии Тоҷикистон чи қадар зарар овардаанд.

Мо, мардуми кишвар ҳамасола ба комёбиҳои бузург ноил гашта истодаем. Ин ба худи мардуми шарифи Тоҷикистон аён аст – ҳоҷат ба баён нест. Ҳадафҳои стратегии давлатамон ба пуррагӣ амалӣ шуданд. Ин қадар ободиву созандагиҳое, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо соҳиб гардида истодааст, натиҷаи  заҳмати ватандўстонаи сокинони кишвар мебошад.

Мо бояд шукронаи ин Ватан кунем, шукронаи ҳаёти осоиштагиамон намоем.

А.Х.БОБОЕВ,
мудири кафедраиҳуқуқи конститутсионии
ДДҲБСТ, н.и.ҳ., дотсент

Add comment


Security code
Refresh