МАНФИАТИ МИЛЛӢ - АЗ ҲАМА БОЛОТАР АСТ

Мо, ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон баҳри оромӣ ва пеш рафтани ватани маҳбубамон пайваста заҳмат кашида истодаем. Ҳар як фард дар ҷои кории худ барои пеш рафтани кишварамон кўшида истодааст. Фикри пок, амалҳои солеҳ ва албатта, дилу нияти тоза моро ба ободиву оромии ватанамон мерасонад. Мо, мардуми ин диёр ба ин арзишҳо боварии комил дорем. Лекин то ҳол будаанд нафароне, ки аз дарси талхи таърихи начандон кўҳнаи солҳои аввали истиқлолият сабақи лозима нагирифтаанд.

Барои ҳар яки мо оромиву осудагии ватан бояд қиммат ва пеш рафтани он мақсади асосӣ бошад. Аз чӣ бошад, баъзе нафарон то имрўз зиракии сиёсиву дурандеширо ба худ касб накардаанд.

Тартиботи ҷамъиятӣ дар асоси эҳтиром ва риояи бе чуну чарои қонун ва дар маҷмўъ қонуният арзи вуҷуд дорад.Ягонагии конуният дар микёси тамоми давлат,  яъне ин чунин маъни дорад, ки амал ва талаботи конунхо дар тамоми каламрави давлат ягона буда, хамаи конунхо ва санадхои хукуки бояд аз чониби шахрвандон ва ташкилоту корхонахо дар саросари кишвар дакик ичро карда шаванд.  Ҳама дар назди қонун баробаранд. Хар шахсе, ки қонунро вайрон мекунад, сарфи назар аз вазифаи ишғолкарда ва шахсияташ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ҳисси масъулият, бечунучаро иҷро кардани қонунҳо аз ҷониби ҳамаи шаҳрвандон аз мавҷудияти қонун дар ҷомеа дарак медихад, зеро хамеша дар назар доштан зарур аст, ки конуни мо оила ва ояндаи фарзандони моро ҳифз менамояд.

Мо бояд манфиатҳои умумимиллии хешро дар маддӣ аввал гузорем, аҳлу тифоқ шавем. Ба гурўҳҳои иртиҷоӣ, ки мақсадҳои нопок доранд, пайваст нагардем. Роҳ надиҳем, ки ҷавонон роҳгум зананд, зеро ин иллат оқибат ба пушаймонӣ  мебарад.

И.М.СОЛИЕВ,
мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва
назорати прокурории ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh