Дар истифодаи шабакаҳои иттилоотӣ эҳтиёткор бошем

Шурўъ аз оғози асри ХХI дар ҳаёти инсоният таҳаввулоти ҷиддӣ рух дод. Ба туфайли рушди илму техника технологияҳои иттилоотӣ низ ба таври назаррас пеш рафта, таъсирашон ба ҷомеа торафт амиқтар гардиданд. Асри 21-ро имрӯз бидуни интернет, ки ба як ҷузъи муҳими иттилоърасонӣ табдил ёфтааст, тасаввур кардану дидан ғайриимкон аст. Истифодабаранда метавонад ба дилхоҳ маълумот ё иттилоот дар зудтарин фурсат ва бидуни душворӣ дастрасӣ пайдо кунад. Бо дарки ин муаммо имрӯз тамоми кишварҳои ҷаҳон таъмини амнияти иттилоотиро ба масъалаи асосӣ табдил додаанд, ки Тоҷикистон низ истисно нест.  

Ҳоло барномаҳои интернетиро гурўҳҳои ифротгарову бадхоҳони миллат, ки аз хориҷа истода, ба сўи кишвари худ сангандозӣ мекунанд, мехоҳанд барои ҳадафҳои нопоки худ истифода баранд, яъне ҷавонони бегуноҳро фирефта, ба доми ифротии худ кашанд. Аз ҷумла бархе барномаҳои  гурўҳҳои ифротгаро, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ ҳадаф дорад, мафкураи ҷавонони навроҳро заҳролуд созад, ки ин хатари ҷиддӣ ба оила, ҷомеа ва давлати мо мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз ҳар ҷавони ватандӯсту соҳибватан даъват ба амал оварда мешавад, ки дар истифода аз шабакаҳои иттилоотӣ эҳтиёткор бошанд, то ки дар зиндагӣ роҳгум назананд.

Бобоҷони Хайриддин,
ҷомеашинос, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh