НАВОРҲОИ ТТЭ ҲНИ – ДУРЎҒИ БЕАСОС

Имрўз ифротгароӣ бо вуҷуди муқовимати зиёд авҷ ёфта истодааст. Ҳадафи аслии ифротгароён  ин дар байни ҷомеа иғвобарангезӣ ва ноором сохтани сулҳу суботи аст.

Роҳҳои мубориза бо тундгароиро мо дар чораҳои зарурӣ ҷиҳати фаъол намудани ақидаҳои миллӣ, таълиму тарбия дар мактабҳо ва муассисаҳои дигари таълимӣ ва андешидани тадбирҳои зидди ифротгароиву терроризм мебошад.

 Алҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ  наворҳои ТТЭ ҲНИ-ро дидан мумкин аст, ки дурўғи беасос буда, кўшишҳои беҳудаи хоинони Ватан мебошад.

Амалҳои террористии содир намудаи сарони ТТЭ ҲНИ ошкор намуд, ки ҳадафи асосии онҳо бо ҳар роҳе набошад, ноором сохтани сулҳу суботи кишвар мебошад. Ҳадафҳои зикршуда назди мардум ва ҳукумати Тоҷикистон ошкор гардида, сабаби баста шудани ин  гардидаанд.

Сарони ин ташкилот акнун дар хориҷи кишвар аз қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ кумаки молиявӣ гирифта, мехоҳанд боз фазои кишварро ноором кунанд ва ҳамчун як лўхтак ба манфиатҳои бегонагон хизмат менамояд.

Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз  ҷинояткор будан холис нишон диҳад. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт. Албатта рўзе мерасад, ки хиёнаткорони ватан ҷазо мегиранд!

Бинобар ин, ҳамаи ин ҳодисаҳо моро хушдор месозад, ки мо тоҷикон, ки мусулмон ҳастем ва ҳамчун миллат соҳиби давлати худ мебошем, ғайр аз мазҳаби Имоми Аъзам дигар равияҳоро напазирем ва миллатро мукаммал нигоҳ дорему барои амнияти ў ҳамеша омода бошем.

Н.С.АЗИМОВА,
 мудири кафедраи фанҳои риёзӣ ва
табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh