НИШОНИ ВАҲДАТ ВА САРФАРОЗӢ

Санаи 24-уми ноябри соли 2021 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар чорабинӣ  роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, собиқадорони меҳнат, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, занону ҷавонони фаъолу пешқадам аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

Тантанаи идона бо ворид намудани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сухани муборакбодӣ иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят табрик гуфта, зикр намуд, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ нишони ифтихору арҷгузорӣ ба рамзи давлату давлатдорӣ ва муқаддасоти кишвари соҳибистиқлоламон маҳсуб меёбад. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки дар чорабинии идона як гурӯҳ меҳмонон бо роҳбарии Президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири Марказӣ - Шагиев Рафаэл Марсович аз кишвари Красноярски Федератсияи Россия иштирок дошта, ин ҳамкории пайваставу муштарак маҳз ба сиёсати дарҳои боз ва дурбинонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович Путин рӯи кор омада истодааст, ки ман меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам мегӯям.

Таҷлили Рўзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўйи кор омад, яке аз муҳимтарин рўйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб меёбад, - таъкид намуд Раиси вилоят.

Ҳамагон хуб огаҳӣ дорем, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари бистусе масъалаи мубраму бузург, ки оқилонаву дурандешона баррасӣ ва ҳал гардиданд, санаи 24-уми ноябри соли 1992 яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатӣ - Парчами давлатӣ низ қабул гардид. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2009 зимни суханронӣ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд, ин санаи таърихӣ ҳамчун Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронии таърихӣ аз ҷумла таъкид карда буданд: «Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои муқаддас ва асосии давлат, яъне нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат мебошад. Мо бо Парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як фарди ватандўсту ватанпараст муқаддас аст».

Боиси таъкид аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарафрозӣ ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Имрўз мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд.

Дар арсаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфуз афрохта шудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба расмият шинохтани давлатҳои дунё, натанҳо эътибори кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боло бурд, балки мардуми тоҷикро боз ҳам муттаҳид сохта, барои ба даврони нави таърихӣ, ҳазораи сеюм бо қадами устувор ворид гардидан мусоидат намуд. Дар ин маврид Пешвои муаззами миллат хеле бамаврид таъкид намудаанд, ки “Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад”.

Раиси вилоят иброз дошт, ки мо, парчамбардорони миллатро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида бештар азму талоши худро баҳри татбиқи дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири пешрафту ободии Ватани муқаддасамон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста равона созем. 

Дар фарҷом барномаи бошукӯҳи идонаи консертии аҳли фарҳанги вилоят пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

Хабарнигори

 “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh