КИРДОРУ РАФТОР БОЯД ЯКЕ

ТТЭ ҲНИ  имрӯз худро бо ҳар ранг нишон дода истодааст.

Роҳбари бадбахти ТТЭ ҲНИ мехоҳад бо чоплусону ҳаромхӯрон ва дуздони муттаҳами худ, ки дар гирдаш ҷамъ овардааст, бо ҳар баҳона тоҷикон ва Тоҷикистонро дар арсаи дунё сиёҳ созад. Бозиҳои сиёсии эшон барои мардуми тоҷик чун рӯзи равшан ошкор аст. Бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад ва чеҳраи воқеии ин нафарон барои халқи тоҷик, ки маҳз ин тоифа рӯзҳои шумбори солҳои 90-умро ба сари онон овард ва мардуми ватандӯсту меҳанпарвар тавонист мардонавор ин гуна рӯзу солҳоро паси сар созад, шинос аст.

Ҷои таассуф аст, ки баъзе давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи дунё амалҳои ғайриинсонии ин тоифаро нодида гирифта, ба дурӯғашон бовар доранд. Агар онон низ солҳои мудҳиши охири садаи 20-умро бо чашми сарашон медиданду, имрӯз ин гуна созмону ҳизбҳоро дастгирӣ намекарданд.

Ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо теша ба решаи халқу миллат мезананд, бо ақидаҳои ифротии худ мехоҳанд, ки “сиёҳ”-ро “сафед” созанд. Лек ҳеҷ гоҳ рангҳоро иваз карда намешавад, амали бадро нағз карда нишон додан ғайриимкон аст. Чунки масале ҳаст, офтобро бо доман пӯшида намешавад. Ва ҳар як амали ТТЭ ҲНИ ва тарафдорони эшон низ ба мисли мақоли мазкур аст, ки симои манфурашонро нишон медиҳад.

Раҳматова Д.А.
-дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh