БАҲРИ ШУКУФОИИ КИШВАРИ МАҲБУБ

Ба шарофати истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 ба вуқӯъ омада, тамоми сокинони мамлакати озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳоданд. Бо мақсади ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа Артиши миллӣ ва дигар сохтору мақомоти босалоҳият, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳокимияти иҷроия таъсис дода шуда, рамзҳои давлати соҳибистиқлол, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Конститутсия–бахтномаи миллат қабул карда шуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар байни ҷомеаи башарӣ ва ташаккул додани асосҳои сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва мутавозини “дарҳои кушода” ба ҳайси шарики боэътимоду хайрхоҳ дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати шоиста пайдо намуда, ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускор дар ҳалли як қатор мушкилоти глобалӣ, бахусус, масоили мубрами амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим эътироф гардид. Дар натиҷа имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлате мешиносад, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти мубрами глобалӣ пешсаф мебошад.

Ба хотири тарбия намудани ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандонамон дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид.

Ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ва ба танзим даровардани маъракаву маросимҳои серхароҷот қабул карда шуд. Бо амалӣ гардидани қонунҳои мазкур таълиму тарбияи насли наврас ва одобу ахлоқи ҷавонон хеле боло рафта, сатҳи зиндагии мардум  сабук гардид.

Ин ҳама дастовардҳо баҳри баланд намудани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошад. Бояд зимнан зикр намуд, ки ҷаҳони муосир ба мушкилоти зиёде рў ба рў гардидааст, вале дар Тоҷикистони азиз тибқи амалигардии ҳадафҳои созандаву стратегии кишвар рушди муназзами тамоми самтҳои  ҳаёти мамлакат назаррасанд. Дар бисёр самтҳо Тоҷикистон ибтикороти созандаи ҷаҳониро пешниҳод намудааст, ки барои ҳалли муаммоҳои минтақавиву ҷаҳонӣ нақши муассир мегузоранд. Ин обрўву эътибори кишварро дар  арсаи байналхалқӣ баланд мебардорад. Дар натиҷа мо дар зарфи  се даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад.

Дар дунё чандин мардумоне арзи вуҷуд доранд, ки шумораашон ба миллионҳо расида, дар орзуи миллату давлатдорӣ мебошанд ва бо мақсади расидан ба ин ҳадаф азму талош менамоянд, дар ин роҳ ҷони ҳазорон нафар  ҳатто фидо гаштааст, аммо онҳо ҳанӯз ҳам соҳиби ватану давлат нагаштаанд.

Аз ин рӯ, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро дорем, ки шабеҳ ба биҳишт    мебошад. Бояд ҳамагӣ ба қадри  замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму ободу нозанин  заҳмат ба харҷ диҳем.

Ватан ва дастовардҳои кишварро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем бар зиддӣ ҳамагуна дасисабозиҳо мубориза барем. Бо шахсони бадхоҳ ва  хоҷагони хориҷии онҳо муборизаи қатъӣ бурда ҷавононро дар рўҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоем. Имрўз Тоҷикистон имкониятҳои бузургро барои рушд ва ҳифзи дастовардҳои кишвар дорост. Аммо нуқтаи аз ҳама муҳим барои инсон ин дӯст доштани Ватан мебошад. Ҷавонони тоҷик имрӯз дар арсаи байналхалқӣ ҷойгоҳи намоёнеро соҳиб мебошанд.

Алимов Б.Ҳ 
– мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh