ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро бар зидди хатарҳои замони имрӯз  ҳадафмандона амалӣ намуда, дар ин самт омодагии худро бо андешидани тадбирҳои мушаххас ифода менамояд.

Қабул ва татбиқи як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз ҷумла соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди   экстремизм” қабул карда шуда, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм” аз соли 2006 тасдиқ карда шудааст, ки ин тадбирҳои пешгирӣ ҷиҳати  ошкору тафтиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм боназардошти вазъи тағирёбандаи ҷамъиятиву сиёсии кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Таҳия ва қабули Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-июни соли 2021 №187 ба тасвиб расид, муборизаи дастаҷаъмонаи ҷомеаи шаҳрвандиро бар зидди ин падидаи хатарзо тақозо менамояд. Имрўз хатари терроризм ва экстремизм афзуда, авзои сиёсии сайёра бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст.

Раванди номатлуби ба гурӯҳҳои иртиљоӣ пайвастани ҷавонон  аз он шаҳодат медиҳад, ки пайравони гуруҳҳои террористӣ роҳҳои нисбатан осон ва пуртаъсири таблиғу тарғиби ақидаҳои ифротиро ба роҳ монда, ҳамчун вабои аср ба амнияту давлати кишварҳо хатар эҷод мекунанд. Вале мушкилоти асосии ҷавонони мо ин огоҳ набудан аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ  ба шумор рафта, ба он натиҷагирӣ мешавад, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳ дар мақсадҳои ғаразнок ва зиддидавлатию зиддимилии гуруҳҳои террористӣ шарик мешаванд. Вале дар тули  таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад.

Дарки ин нуқта зарур аст, ки  идеалогияи ифротгароӣ пеш аз ҳама бар зидди идеологияи миллии мо, истиқлолияти давлат, аз ҷумла ҳар як нафари мо равона гардидааст. Бар муқобили он имрӯз зарур аст, ки дар тинати сокинони мамлакат,бахусус љавонон эҳсоси худшиносии миллї, ватанпарварї парварида шавад.

Имрӯз Ҳукумати кишвар дар доираи  амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагиро ба ҳар як шаҳрванди кишвар аз ҷумла ҷавонон кафолат додааст, ки яке аз сабабҳои паст гардидани ин падидаи хатарзо хоҳад буд. Вале дар  ин баробар тарғиби идеяҳои миллӣ, дарк ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ  бояд дар меҳвари амали мафкураи миллии ҷавонони мо карор дошта бошанд. Зеро дар вазъияти ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурмасъул, бомуваффақият, ки манфиатҳои милливу давлатиро аз манфиатҳои фардӣ боло мегузорад, хеле муҳим аст.

Ҳамзамон баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимоии зиёиёни пешқадам, ки дар бедор кардани завқи ҷавонон ба хондани  асарҳои бадеӣ заминаи фаъол буда метавонанд, омода кардани суханварони ҷавон, ки идеологияи миллиро дар шакли афкори ватанпарастӣ миёни ҷавонон тарғиб менамояд, ба мақсад мувофиқ аст.

Зери назари насли калонсол қарор доштани зиракии сиёсии ҷавонон, назорати қатъии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи волидайн, робитаи мустаҳками мактаб ва оила, ҷалби наврасони соҳибзавқ ба маҳфилҳои фаннию ихтирокорӣ, таваҷҷуҳ ба масъалаи илмомузии ҷавонону наврасони деҳоти дурдаст ва фароҳам овардани шароити таҳсилу фароғати онҳо корбарии ҳамарӯзаро тақозо менамояд.

Татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ” аз насли калонсол тақозо менамояд, ки ҳисси дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ, ҳимояи марзу буми ватани азизамонро  дар саргаҳи андешаҳои тафаккури миллии фарзандон қарор дода, бо ифодаи нақши зан ва модари босавод дар тарбияи насли худогоҳу хештаншинос масъулияти худро иҷро намоянд. Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки худамон пеш аз ҳама намунаи ибрат бошем, насли ҷавону созандаро тарбия карда, ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат бигирем ва бо дасту дили пок дар сафи пеши амалӣ намудани сиёсати устувори давлат қарор бигирем. Итминони комил дорем, ки ҷавонони соҳибиродаву ҳушманди мо рисолати ватандӯстии худро амиқан дарк намуда, ҳимояи манофеи давлатиро дар солҳои ояндаи давлатдорӣ низ ҳифз хоҳанд кард.

Туразода Ҷ. А.-дотсенти кафедраи
иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh