Терроризмро нест бояд кард!

Имрўз бо сабаби сарҳади тулонӣ доштани Ҷумхурии Тоҷикистон бо Афғонистон вазъи сиёсӣ ва низомии ин мамлакат ба кишвари мо низ бетаъсир намемонад.

Ба маркази парвариши терроризм табдил ёфтани Афгонистон ба дарачаи тараќќиёти он таъсир расонида, барои нумуъи терроризм ва ифротгарої заминаи мусоиде фароҳам меоварад. Чунин замина доираҳои террористиро водор менамояд ки дар ин кишвар паноҳ ёбанд. Лозим ба ёдоварист, ки яке аз манбаъхои молиявии гуруҳҳои террористї маводи мухаддир мебошад. Аз ин ру бо сабаби маълум Афгонистон ба яке аз марказхои асосии истеҳсоли маводи мухаддир табдил ёфтааст.

Дар шароити мавчуда Тоҷикистон, ки нисбат ба дигар кишвархои Осиёи маркази сархади тулонитар бо Афғонистон дорад, нисбати ин мамлакат бетараф нест. Моро зарур аст, ки дар ҳамкорї бо Ќувваҳои низомии кишварҳои Созмони аҳдномаи дастачамъї барои мустаҳкам намудани мудофиаи сарҳади давлатї чорахои мушаххас андешем.

Моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода барои ҳифзи марзу буми кишварамон камари ҳиммат бубандем ва нагузорем, ки нокасону хоинон оромии Ватани моро халалдор созанд.

Биоишаи Назар

Add comment


Security code
Refresh