Решаҳои ифротгароиро бояд аз замин барканд!

Дар чунин шароити мураккаб натанҳо намояндагони ВАО, балки кулли ҷомеаро лозим меояд, ки бо саводи расонаӣ мусаллаҳ бошанд ва баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ огоҳонаву ҳушёрона иқдом варзанд.

Дар ин майдон имрӯз баъзе аз аъзо ва тарафдорони ТТЭ ҲНИ худро шоҳиди воқеаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нишон дода, ба муваффақиятҳои кишвари мо санг мезананд.

Ман фикр мекунам бо ин муборизаҳои иттилоотӣ онҳо чӣ мехоҳанд? Дар ҳоле, ки ҳар як дақиқаву соат барои инсоният қимат меистад. Агар дар барномаҳои баҳсии онҳо як муамморо пешниҳод кунӣ, худро љойи пинњон кардан намеёбанд.

Пас мо ҷомеаи солим, дорои мулки ободу ваҳдатофаринро зарур аст, ки ба ин муборизаҳои иттилоотӣ ҷавоби воқеӣ дода, нагузорем, ки ин гурӯҳҳои иғвогар оромии љомеаи моро халалдор кунанд.

Гулафзо Ҷӯраева
– омӯзгори факултети забонҳои шарқи ДДХ

Add comment


Security code
Refresh