СУЛҲУ СУБОТИ КИШВАРАМОНРО ҲИФЗ НАМОЕМ

Тоҷикистон Ватан аст, Ватане, ки чун модари азиз дӯсташ медорему эҳтиром мекунем. Ватане, ки ҳар хасу хору хоки он барои бошандагонаш муқаддасу гиромист.

Тоҷикистони бузург имрӯз дарахти пурсамареро мемонад, ки шохаҳои пурқуввату бузургаш сояафкани ҳар гулу гиёҳи арзандаи ӯст ва меваҳои рангину лазизаш, мардуми бонангу номус ва бодонишу баори он машҳури дунё гаштаанд. Дар байни дигар давлатҳо имрӯз Тоҷикистон бо боигариҳои зиёду пурарзишаш, аз қабили пахта, гандум, об, ангишт, тилло, нуқра ва амсоли ин шуҳратёр аст. Равшан аст, ки Тоҷикистон кишвари пурганҷу пурэъҷоз ва пурсарвату бой аз захираҳои табиист. Илова бар ин, Неругоҳҳои обию барқии машҳури он, ба мисли Варзоб, Нораку Роғун бо иқтидори бузургашон ҳосилкунандаи қувваи бузурги барқианд, ки ақли бинандаро мафтун мегардонанд. Иншоотҳои бузурги ин кишвари азиз дар ҳар гӯшаву канори он тақвиятдиҳандаю далели ҳамаи гуфтаҳои болоанд.  Имрӯз марду зани ин сарзамин дар талоши илму адаб, фарҳангу маърифат ва кору фаъолиятанд. Дастовардҳои бузурги Истиқлоли кишвар ба онон қуввату мадор, тавоноӣ бахшида, онҳоро ба пешравиҳои бузург ноил гардонд. Имрӯз Тоҷикистон гулистони беҳадду канор, маркази нуру маърифат, чаманисгони дунёи орзуст. Имрӯз тоҷикон чун миллати номдор. шуҳратманду ҷахонгард, маърифатдӯсту тавоноанд.  

Дар Тоҷикистони маҳбуби мо дар мубориза баҳри соҳибистиқлолии кишвар ҳазорон нафар ҷон бохтаанд, ҳазорон нафарашон беному нишон шуданд, ҳазорон нафари дигар бошанд дар мулки ғайр маскан гирифтаву соҳиби хонаву дар гардидаанд, аммо нафарони зиндабудаи дар Ватан монда, дар дилҳои хеш умед мепарвариданд, то сулҳ ба Ватан боз ояду онҳо низ аз ҳавои поки Ватан озодона нафас бигиранд, Имрӯз гурӯҳи фарзандони нохалаф, амсоли гурӯҳҳои террористӣ-экстремистии «Гурӯҳи 24», ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ ҷидду ҷаҳд бар он доранд, ки ба ҳар восита доираи гурӯҳҳояшонро фарохтар созанд ва ба амнияти марзу буми ин кишвари тозаистиқлолу саодати ин мардуми озодандешу покизарӯзгор халал ворид намоянд. Имрӯзҳо онҳо бозори ҳангоматалабии худро гарм сохта, мардуми шарифи Бадахшонро ба гумроҳӣ бурданӣ шуда, дар сомонаҳои интернетӣ хабарҳои дурӯғу туҳматангез, дасисаю иғвоҳои навбатии худро бо тобиши барои худашон маъқул пешниҳод менамоянд. Мардуми соҳиби иродаи матину ақли солими Бадахшон бояд дарк намоянд, ки он ҳама гапу сафсатагӯиҳо ва айбдорикуниҳои ин қабил одамон, фиребу дурӯғи маҳз аст, ки мехоҳанд бо фиребу макр мардум ва алалхусус, ҷавононро ба гурӯҳҳои худ шомил созанд, бар зидди ватани худ барангезанд. Вазъи гузаштаи начандон дур барои мо сабақест. Мо мардуми кишвар шаҳди ин фитнаю хусуматро чашида, хулосаи худро баровардаем. Имрӯз дар кишар низоми давлатдории миллӣ, волоияти қонун, пойдор сохторҳои қудратӣ фаъолияти густурда доранд. Ҳар як ҷиноят, ҷинояткор ва гунаҳгор дар назди қонун беҷазо намемонад.

Аз шунидани суханони роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, аъзоёни паймон Муҳаммадиқболи Садриддин, Шавкати Муҳаммад, Ҳусейн Ашӯров дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаниам, ки ин ашхос нисбати Ватани худ пайваста суханони нодуруст ва ноҷо мегӯянд. Ин ашхоси Худобехабарон он, ки омада, бо мо рӯ ба рӯ суҳбат кунанд, меҳаросанд, зеро имрўз ҳама аҳли мамлакат чеҳраи аслии ононро шинохтааст.

Имрӯз ҷавонони мо бояд ҳушёру зирак ва аз авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ бохабар бошанд, ҳамчун фарзандони бонангу ори Ватан ҳеҷ гоҳ ба ин душманони миллат роҳ надиҳанд, ки пояҳои Истиқлолияти кишварро заиф гардонанд, сулҳу салоҳ ва оромии ҷомеаро ҳифз намоянд. Манфиатҳои миллӣ - Истиқлолияти давлатамонро ҳифз намоянд.

Сари таъзим фуруд меорам ба обу хоку ҳар гулу гиёҳ, мардуми бузурги ин сарзамин ва меболам аз он, ки ман низ як ин сарзамини афсонавиам. Тоҷикаму чун миллати баруманд ифтихор дар ҷаҳон дорам. Насли поки Оли Сомонаму дар дил маъхази бузурги миллати тоҷик- меҳру муҳаббат, покдиливу самимият ва ору номуси бузургро мепарварам.

Шамил НАЗАРЗОДА,
таҳлилгар

Add comment


Security code
Refresh