АЗ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ ЭМИН БОШЕМ

Терроризму экстремизм яке аз амалҳои ташвишовари замона буда, якчанд кишварҳоро фаро гирифтааст. Аз ин зуҳурот шаҳрҳои ободу зебо ба харобазор табдил ёфтааст. Аҳолии зиёд бехонумон гашта дар ғарибӣ умр ба сар мебаранд.

Дар замони имрўза кишваре нест, ки аз таъсири амалҳои номатлуб зарар надида бошад.

 Мо боварӣ дорем, ки бо огоҳии комил аз терроризм хавфи паҳншавии он дар ҷомеа пешгирӣ мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонин масъалаи ташвишоварро ба миён гузошта, тамоми сокинон, бахусус ҷавононро аз ин амали номатлуби зараровар эмин нигоҳ доштан, ба донишомўзию бо ақлу заковати пок хулоса баровардан даъват месозад, чунки ифротгароён асосан инсонҳои сустирода ва ноогоҳро фирефта месозанд.

Имрўз кишвари мо ба воқеаҳои ҷомеаи ҷаҳон бетараф буда наметавонад. Баҳри пешгирӣ аз ин амали бад тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

Хоинони миллати тоҷик бо ҳар гуна роҳу восита мехоҳанд, фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд. Бинобар ин тариқи шабакаҳои интернетӣ дар ҳаққи кишвари худ буҳтон мезананд, ҷавононро роҳгуму фирефта карданӣ мешаванд.

Алҳол вазифаи мо, омўзгорон чунин аст, ки бояд хонандагонро дар руҳияи ватандўстӣ ва ҳимояион тарбия намоем. Ҳар як фарди ҷомеа, ҷавонону наврасон бояд донанд, ки натиҷаи ҳодисаҳо итеррористӣ ба ваҳшоният, нооромию нобасомонӣ, қашшоқӣ оварда мерасонад.

Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандўстӣ ва иродаи матин дошта бошанд, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд.

Мо, омўзгорони муассисаю таълимгоҳҳо доимо ба наврасону хонандагон дар раванди таълим боз тарбия медиҳем, ки онҳо ба чунин иғвогарии хоинон дода нашаванд, баръакс ба сулҳу субот, осудагию оромӣ ва гулгулшукуфоии Тоҷикистони азизамон кўшишҳои зиёдеро равона созанд ва ба наслҳои навраси навин намунаи ибрат бошанд.

Мавҷуда АЗИМОВА,
омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики
МТМУ №31, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh