Алайҳи ифротгароӣ муборизаи дастаҷамъона мебояд!

Давоми давраи ташаккул ва рушди халқу миллатҳо баъзе урфу одат ва анъанаҳои муфид барои ҳаётгузаронӣ дар ҷомеаи мутамаддин реша давонидааст, ки онро метавон шабеҳи ҷойгиршавии онҳо дар қалби миллатҳо ҳамчун нишонаи ирсияти онҳо пазируфт. Чунин шаҳодати ирсият дар миллати тоҷикро андарзҳои авастоӣ ба мисоли “пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек” ва ҳоказо ифода менамоянд.

Омӯзиши амалҳои нопоку палидонаи ТТЭ ҲНИ давоми таърихи мавҷудияташ гувоҳӣ медиҳад, ки ин тоифа ҳамеша баҳри пешбурди ғояҳои ифротӣ бо ҳидояти хоҷагони хориҷии маблағгузорашон машғул будаанд. Тафриқаандозиву сангпартоӣ ба сўи кишвари худ ва нодида гирифтани дастовардҳои ҷомеаи меҳнатқарини Ватани маҳбубамон худ далели он аст, ки ин ифротиён ба ирсияти миллати фарҳансолору тамаддунофари тоҷик ҳеҷ иртиботе надоранд ва онҳо ҳуқуқи маънавии гап задан аз номи миллати тоҷикро сазовор нестанд.

Агар дар ҳақиқат ватандўст мебуданд, ҳеҷ гоҳ хиёнату ватанфурӯширо ихтиёр намекарданд. Зеро, унсурҳои ирсӣ намегузоранд, ки фарди солимақл покзот ғайр аз муҳаббат ба Ватан, посдории анъанаҳои ниёгон, садоқат ба миллат чизи дигареро ихтиёр кунад. Ирсият азалию абадӣ мебошад ва такомули он низ бар дӯши инсонҳои мутафаккиру соҳибхиради ҷомеа мебошад. Имрўз аҳли ҷомеа бояд алайҳи ин тоифа фаъолияти густурдаро ба роҳ монад. Вагарна, бархе аз фардҳои ҷавони камтаҷрибаю ноогоҳро фирефта, гумроҳ сохтанашон мумкин аст.

М.СОБИРОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh