СУЛҲ ПОЯИ ВАҲДАТИ МИЛЛИСТ

Сулҳ, ваҳдат, якдиливу якпорчагӣ омилҳое ҳастанд, ки мардумро сарҷамъу кишварро муттаҳид месозанд. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфахмӣ истиқлоли кишварро мухофизату пойдор ва ягонагии устувор карда метавонем. Худшиносӣ ва худогохии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Чуноне, ки дар китоби муқаддаси “Авасто” омадааст: “Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек”. Ин гуфтаҳо қарнҳост, ки шиори мо дар раванди давлатдориву зиндагист. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотхои олам гардидааст. Танхо дар сурати ваҳдату якдилӣ мо тавонистем душвориҳо ва монеаҳои зиёдеро паси сар намоем.  Маҳз мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Вале нафароне ҳастанд, ки ин сарсабзиву хуррамӣ ва шукуфоии моро чашми дидан надоранд. Ин гуна ашхос аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошанд. Онҳо ҳамеша аз паи ба иғво андохтани мардуми тоҷик ҳастанд. Воқеаҳое, ки дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон рух доданд исботи ин гуфтаҳоянд. Онҳо хостанд бо истифода аз фурсати муносиб кишварро бесарусомон гардонанд. Хушбахтона ақли солим ғалаба кард. Имрӯз мо худамон шоҳиди он ҳастем, ки дар кишварҳои ҷаҳон нооромӣ ва дар дигаре офатҳои табиӣ шуда истодааст. Мо бояд ягон лаҳза зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Зеро он хоинон ҳамеша аз паи иғво ҳастанд ва аз пашша фил месозанд. Бинобар ин зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳамеша барои ҳифз ва рушди кишвари худ кўшем.

Биоишаи Назар,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh