Дар бораи иҷлосияи ХVI Маҷлиси вакилони халқи вилоят (Даъвати IV)

9-уми декабри соли 2013-ум дар толори маҷлисҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ Иҷлосияи ХVI Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати IV баргузор гардид. Иҷлосия таҳти раисии муовини Раиси вилоят Аҳмадҷон Қобилов ба вуқўъ пайваст. Баъди садо додани Суруди миллӣ ва интихоби котибот вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят рўзномаи иҷлосияро иборат аз нўҳ банд тасдиқ карданд.

Аз рўи масъалаи якуми рўзнома Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси вилояти Суғд озод намудани Қоҳир Расулзода» қироат гардид ва вакилон дар ин бора қарори дахлдор қабул карданд. Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят таъин шудани Абдураҳмон Қодириро низ вакилон ба маълумот гирифтанд. Раисикунандаи иҷлосия Аҳмадҷон Қобилов раиси навтаъинро аз номи вакилони Маҷлиси вилоятӣ шодбош гуфта, ба ў барори кор таманно намуд.

Тибқи масъалаи дуюми рўзномаи иҷлосия «Дар бораи Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд оид ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар 11 моҳи соли 2013» муовини Раиси вилоят Мубинҷон Қайюмов гузориш дод. Иттилоъ дода шуд, ки «Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 11 моҳи соли 2013» дар рўзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда» ва «Суғд ҳақиқати» дарҷ гардида, вакилони Маҷлиси вилоятӣ бо он шинос шудаанд, якбора ба муҳокимаи ин масъала пардохтанд. Аз рўи ин масъала Авлобердӣ Шодиев – вакил аз ҳавзаи интихоботии № 29 «Саразм», Муҳаммадҷон Неъматов – вакил аз ҳавзаи интихоботии № 44, «Дўстӣ», Муҳаммадзариф Шарифов – вакил аз ҳавзаи интихоботии № 51 «Бўстон» дар музокираи ҳисоботи Раиси вилоят иштирок ва доир ба масъалаҳои мубрами рўз фикру мулоҳизаҳояшонро иброз намуданд.

Вакилон ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии №3, «Бобоҷон Fафуров»-и шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Мирзобаҳодуровро дар бораи иҷрои ваколатҳои депутатиаш шунида, ба маълумот гирифтанд.

Дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ кардани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, Шавкат Бобоев ва Қаҳҳор Ойматов қарор қабул карда шуд. Таъкид гардид, ки онҳо дар бораи қатъ намудани ваколатҳои депутатиашон бинобар таъин гардидан ба вазифаҳои дигар ба унвони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ариза пешниҳод кардаанд.

Вакилон дар бораи таъин кардани рўзи интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ба ҷойи вакилони рафта қарор қабул карданд. Ҳамчунин, доир ба таъсис додани комиссияи вилоятӣ оид ба баргузор кардани интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят қарори дахлдор қабул гардид. Вакилон, ҳамчунин, дар хусуси тағйир додани ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати чаҳорум қарор қабул намуданд.

Пешниҳоди комиссияи вилоятии номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ маъқул дониста, дар ин бора қарор қабул гардид. Вакилон қарорҳои Раиси вилоятро, ки дар фосилаи баъди иҷлосияи пешинаи Маҷлиси вакилони халқи вилоят ба имзо расидаанд, тасдиқ карданд. Аз ҷумла, қарори и.в. Раиси вилоят дар бораи аз вазифаи муовини Раиси вилоят озод кардани Мавҷуда Бобоева бинобар ба нафақа баромаданаш ва қарори и.в. Раиси вилоят дар бораи муовини Раиси вилоят таъин шудани Раънохон Бобоҷонова тасдиқ карда шуданд.

Инчунин қарори и.в. Раиси вилоят дар бораи аз вазифаи муовини Раиси вилоят озод кардани Ҷамшед Норинов бинобар ба кори дигар гузаштанаш ва қарори Раиси вилоят дар хусуси аз вазифаи роҳбари Дастгоҳи Раиси вилоят озод кардани Шарифҷон Шарифов, қарори и.в. Раиси вилоят дар бораи роҳбари Дастгоҳи Раиси вилоят таъин намудани Рустамҷон Fиёсов тасдиқ гардиданд. Ҳамчунин, вакилон чанд қарори Раиси вилоятро дар бораи маблағгузорӣ тасдиқ намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар бораи вазифаҳои минбаъдаи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва фаъолони вилоят дар партави супоришу ҳидоятҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ҷамъбасти босамари соли 2013-ум ва вусъати корҳо дар соли оянда дар ҳамаи ҷабҳаҳои хоҷагии халқи вилоят сухан кард.

Бо садо додани Суруди миллӣ иҷлосияи ХVI Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати чаҳорум ба интиҳо расид.

Хабарнигори ҲС

Add comment


Security code
Refresh