ҲАДАФИ ҶАВОНОН – ПОЙДОРИИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

Мутаассифона, солҳои охир дар миқёси ҷаҳонӣ шумораи ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ рӯ ба афзоиш ниҳод, ки нигаронкунанда аст. Ҳадафи асосии ин гуна ташкилотҳои ғайриқонунӣ пеш аз ҳама халалдор сохтани вазъи орому тинҷи мамлакатҳои дунё аст, ки дар натиҷа имконияти хуби расидан ба мақсадҳои ғаразнокашон фароҳам мешавад. Ба амнияти Тоҷикистон низ хатару таҳдидҳои ҳар гуна ташкилотҳои террористиву экстремистӣ мутаассифона кам нест. Имрузҳо бархе аз ашхоси иғвоангезу гурӯҳҳои ифротӣ, ки дар мамлакатҳои гуногун зиндагӣ мекунанду худро ба тоҷикистониёну ҷомеаи ҷаҳонӣ чун ватандӯсту ватанпарвар вонамуд мекунанд, дар асл нияти халал ворид кардан ба сулҳу суботи кишварамонро доранд.

Яке аз чунин гурӯҳҳои ифротӣ ТТЭ ҲНИ ба шумор меравад. Вақтҳои охир, аъзоёну тарафдорони ин гурӯҳ дар шабакаҳои интернетӣ фаъолтар гашта, ният доранд фазои сулҳу оромии кишвари азизамонро халалдор созанд. Онҳо барои дар амал татбиқ намудани ниятҳои ғаразноки худ қарор доданд, ки бо ҳар гуна роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ баъзе аз ҷавонони ноогаҳро ба сафҳои худ кашанд. Гуфтан мумкин аст, ки гуруҳҳои террористиву экстремистӣ бештар ҷавонони гумроҳшударо ҳамчун як воситаи асосии расидан ба ҳадафҳои худ истифода мекунанд.

Лекин боиси хушнидист аст, ки имрӯз аксарияти ҷавонони мо дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия ёфта, ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ доранд. Онҳо доимо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳсос мекунанд ва медонанд, ки қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳастанд.

Воқеан Тоҷикистон имрӯз бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва шаҳрвандиро ҳадафи асосии худ қарор додааст. Солҳои охир кишвари мо як қатор дастовардҳои бузург ноил гардидааст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна тақрибан 7-8 фоиз рушд карда истодааст, ки дар сатҳи байналмиллалӣ бисёр нишондиҳандаи хуб аст. Лекин мусаллам аст, ки барои идома додани сиёсати башардӯстона ва расидан ба ҳадафҳои созанда бояд сулҳу суботи ҷомеа ва амнияти давлат таъмин карда шавад. Танҳо дар фазои сулҳу оромӣ мо метавонем рушди устувори кишварро таъмин намоем, шарту шароити арзандаи зиндагиро барои ҳар як шаҳрванди ба нангу номуси Тоҷикистон фароҳам орем. Аз ин рӯ, зарур аст, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва баҳри боз ҳам ободтар намудани ин сарзамин саҳм гузорем.

Камолиддини РАҶАБЗОД,
таҳлилгари масоили сиёсӣ

Add comment


Security code
Refresh