ОРОМИВУ СУБОТИ КИШВАРАМОН ХАЛАЛДОР НАГАРДАД

Чанд рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ навореро дидем, ки гурӯҳи ҷавонони ноогоҳ дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даст ба тазоҳурот заданд. Ин албатта, кори дасти душманону бадхоҳони миллат буда, мақсади ононмафкураи ҷавононро вайрон кардан аст.

Аз тамоми сокинони Бадахшон хоҳиш менамоем, ки аз ҳадафҳои нопоки ин хоинон огоҳ бошанд, фирефтаи зархаридон нашаванд. Биёед, давлати тинҷу ороми худро ноором насозем. Вазъи имрӯзаи давлатҳои ҳамсоя ва минтақа бояд барои мо дарси ибрат бошад. Ин кор ба манфиати мо нест. Сокинони Бадахшон ватандӯсту меҳандӯст ҳастанд. Саҳми онҳо дар ба даст овардани сулҳу суботи сиёсӣ назаррас  аст.  Пас, барои пойдор намудани сулҳу оромӣ ва ваҳдату якдилӣ биёед сарҷамъ бошем. Ба қадри неъмате чун сулҳу субот  бирасем.

Набояд ба суханони ҷинояткорон фирефта шавему дар партави фитнаю ғаразҳои гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохилию беруна сарзамини орому осоиштаро ба майдони ихтилофҳо кашем.

Хуб мебуд бо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиамон аз пайи тарбияи неки фарзандон шавем, токи фарзандон хуб тарбия ёфта, ба амалҳои ношоиста даст назананд, ватандӯсту созанда ба воя расанд. Барои ояндаи ободи Ватани хеш, ободии Бадахшон хизмат кунанд. Мо ба ақли солим, илму дониш ва иродаи мардуми бадахшон бовариву эътимод дорем ва хоҳони сарҷамъии кулли ҳамватанонем.  

Муборизи КАРИМ

Add comment


Security code
Refresh