Фирефтаи афкори ифротиён нагардем

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти он Бадахшон аз ҳолати як гӯшаи сарбастаи коммуникатсионӣ  берун шуда, ба гузаргоҳи транзитии байналмилалӣ табдил ёфт ва барҳақ ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон мубаддал шудааст.

Мо ҳама хуб медонем, ки  ин минтақаи афсонавӣ ҳамеша таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад ва онҳо ба ин минтақаи Тоҷикистон ба сайру сайёҳат омада, Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилал муаррифӣ менамоянд.  Дар ҳақиқат Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои саёҳати кӯҳиву экологӣ ва табобатӣ минтақаи беҳтарин дониста шуда, соли 2017 кӯҳҳои Помири Тоҷикистон бори cеюм ба рӯйхати “100 манзараи беҳтарини сайёҳӣ” дар ҷаҳон шомил гардид.

Истиқлолияти давлатӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон  дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту ободии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Дар Бадахшон, ки имрӯзҳо, корҳои зиёди созандагӣ амалӣ шудаанд ва мушоҳида мешавад, ки мардуми бонангу номуси вилоят барои боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонидани диёри худ содиқона заҳмат кашида истодаанд. Рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Бадахшон ҳамеша дар маркази диққати Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар натиҷаи чораҳои амалинамудаи Ҳукумат, бахусус, дар солҳои охир дар ҳама соҳаву бахшҳои ҳаёти вилоят иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода супорида шуда, бунёди иншооту биноҳои нав симои вилоятро ба таври замонавӣ дигаргун кардааст.

Аммо таҳаввулоту ҳодисоте, ки вақтҳои охир дар дунё ба амал омада истодаанд, моро ҳушдор медиҳанд, ки ба масъалаи пок сохтани ҷомеа аз гуруҳҳои ҷиноятпеша, муборизаи беамон бо ҷинояткории муташаккил, пешгирӣ кардани содиршавии ҷинояту бетартибиҳо аз ҳарвақта бештар аҳамият диҳем. Фикр мекунам, ҳар сокини бонангу номуси миллат ин рӯйдодҳои нохуше, ки хоинони миллат аз берун истода иғвогароӣ мекунанд, маҳкум менамояд. Месазад, ки дар решакан кардани ҷинояткорӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, хештаншиносӣ, сидқан дӯст доштани Ватан мусоидат намоему сулҳу суботи кишварро нигоҳ дорем.

Бадахшон порае аз хоки муқаддаси Тоҷикистони азиз аст. Мо бояд ҳеҷгоҳ фирефтаи афкори ифротии бадхоҳони миллат нагардем ва ҳама якдилу якҷон барои сулҳу ваҳдат ва ободию пешрафти Ватани азизамон ҷаҳду талош намоем.

Абдуҳалим Мавлонов

Add comment


Security code
Refresh