Дарвозаи тиллоии ватанам

Қуллаи баланди ватанам, пораи тани Тоҷикистонам, санги ёқуту марҷонам магар ба ту чашми баде расид?! Чаро инқадар ошуфтаву  ранҷур менамоӣ.

Душманону хоинони миллат наметавонанд ба ту кӯчактарин осебе расонанд. Бадахшони азизам ту баландтарину дастнорастаринӣ ҳеҷ нохалафе ҷуръат надорад, ки миёни фарзандони як модар  тафриқа андозад. Магар дар хонавода миёни бародару хоҳар душманӣ мешавад. На асло, ҳаргиз!!! Бо қуллаҳои баландат, бо чашмаву гиёҳҳои шифобахшат, бо дурру гуҳарат, бо фарзандони далеру қаҳрамонат  ту фахри Тоҷикистонӣ. Иҷоза нахоҳем дод, ки ҳеҷ нохалафе бародарро бо бародар душман созад.  Душманони миллат бидонед, ки ҳаргиз наметавонед тоҷикро бо тоҷик душман созед. Чун Бадахшон Боми Ҷаҳон, пораи тани Тоҷикистон, ва сарзамини родмардон аст.

Суман Ҳомидова

Add comment


Security code
Refresh