БАҲРИ ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ КИШВАР

Нооромии рӯзҳои охир дар минтақаи Бадахшон ягон фарди соҳибдилро бетараф гузошта наметавонад. Зеро ҳар як ваҷаб, ҳар як қитъаи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои мардуми кишварамон муқаддас аст.

Чанд рӯзи охир гуруҳи силоҳбадаст хостанд, ки мардумро гумроҳ намуда, минтақаи Бадахшони  Тоҷикистонро ноором созанд. Тоҷикон дар азал тарафдори сулҳу ваҳдат ва якпорчагии кишвари азизи худ ҳастанд ва мемонанд. Зеро ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишварамон ба осонӣ ба даст наомадааст. Мо ба наздики 25- солагии ба имзорасии созишномаи Ваҳдати миллиро ҷашн мегирем Ин сана барои ҳар як мардуми кишвар санаи тақдирсоз аст.

Аз ин рӯ, ба мардуми меҳнатқарини Бадахшон муроҷиат карда мегӯям, ки ба суханҳои беҳудаи баъзе аз мухолифин, ифротгароён дода нашуда, баҳри ҳимояи марзу буми кишвар ва дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи давлат ва Сарвари давлат кӯшиш намоянд. Тоҷикистон Ватани обод асту баҳри ободу зебо нигоҳ доштани он бояд ҳар як фарди солим андеша намояд.

Наргиса Каримова

Add comment


Security code
Refresh