НИҲОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ БУЗУРГ ГАШТААСТ!

Мо истиқлолият ба даст овардем ва он осон набуд. То ба ин рӯзи шодиву фараҳ ва оромӣ расидан чӣ табаддулотҳое аз сар нагузаронидем. Мардуми ҷануб рӯзҳои мудҳиштарин – гуруснагиву қашшоқӣ ва куштори зиёдеро аз сар гузаронд, ҳатто тарки зодгоҳу тарки Ватан кард.

Ва бо мурури вақт замона тинҷ гариду бо такопӯи Сарвари давлат мардуми гуреза ба мулки хеш баргашт ва зиндагӣ маҷрои хешро ёфт. Истиқлолият доман паҳн карду халқ рӯ ба осоштагӣ овард. Дарҳои қулфбастаи коргоҳҳои абарқудрат дари худро ба мутасахассисону кормандон боз кард ва дастархони ҳар як хонавода пур аз анвои хӯрданӣ гашту наврасону ҷавонон баҳри донишандӯзӣ роҳ ҷониби муассисаи таълимӣ ниҳоданд.

Аммо, ба қавле «пойи номубараки Маҳмуд» ба хоки сарзамини ҳамешабаҳор, ки қуллаҳои баланди кӯҳаш бар само расидааст, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расид. Магар мардуми сулҳпарвари мо мегузоранд, ки ба мамлакати тинҷу обод пойи нохалафе расадҳ

Аҳолии осоиштаву ватандӯсти Помир  бо ҳамҷоягии мардуми дигар минтақаҳо баҳри аз Ватан рондани бадкирдорону бадахлоқон – душманони миллат аз як гиребон сар бароварда, мулки хешро ҳифз хоҳанд кард. Зеро ниҳоли Истиқлолият имрӯз бузург гаштаасту самараи нек оварда истодааст.

Адолат БОБОЕВА,

сокини ноҳияи Б. Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh