САДОИ ДИЛИ МАРДУМ - СОЗАНДАГӢ АСТ

Дар хотирам ҳаст, вақте ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот доир намуданд, чандин нафар шаҳрвандон сухан гуфта, зикр намуданд, он дигаргуниҳои куллӣ, он пешравӣ ва рушду такомул, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар симои шаҳру деҳоти бадахшон ба амал омаду сатҳи рӯзгори мардум боло рафт, то ин вақт мардуми ин сарзамин дар хотир надоштанд. Ин нидои қалби пурифтихор ва ризоманди мардуми Кӯҳистони Бадахшон буд.

Имрӯз дар ҳақиқат ҳам симои шаҳру деҳоти ин гӯшаи диёрамон ба куллӣ дигаргун гардидаву ба таври шинохтанашаванда рушд кардааст, роҳҳои замонавӣ аз ҳар тараф вилояти Кӯҳистони Бадахшонро бо пойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе, бо дигар манотиқи кишвар пайваста, робитаи зичу ҷудонашаванда барқарор аст. Аз ҳама муҳимаш, сатҳи донишу маърифат ва дараҷаи зиндагонии мардуми ин сарзамин хеле боло рафта, имрӯз олимони донишмандони Бадахшон баҳри рушди нерӯву иқтидори илмии мамлакатамон саҳми шоиста мегузоранд.

Воқеаҳое, ки дар шаҳри Хоруҳ ва ноҳияи Рӯшон ба вуқуъ пайвастанд, ин амал аз ҷониби сокинони ин сарзамин нест Балки ин нооромиҳо бо дасти як гурӯҳ хоинон ва фурӯхташудагони Ватан ва зархаридон ба амал бароварда шуда истодааст. Ин тоифа бо ҳар роҳ мехоҳанд, сулҳу суботи кишвари азизи моро халалдор намоянд, зеро худ аз Ватан фирорӣ, ватангадо ҳастанду фурӯхташудаи хоҷагони хориҷӣ. Ва он хоҷагонашон чӣ супориш диҳанд, онро бечунучаро иҷро мекунанд. Ба қавле, кишваре, ки дар он худашон зода шудаанд, ноором гардад ҳам, ба онҳо фарқе надорад. Мо ба ин тоифаи хоинон мегӯем: ба худ оед, ин сарзамини аҷдодии мост, аз они мост, моем, ки бояд онро обод намоем. Оне номбардори ин Ватан аст, ки баҳри оромиву суботи он ҷон мебахшад, на он, ки бо умеди тамаъе Ватанро фурӯхтааст…

Замира Раҷабова,
сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh