ҶАВОНОНРО АЗ ПАЙРАВӢ БА ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ЭМИН ДОРЕМ!

Ҷавонон насли ояндасози миллат буда,   нафарони  боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии мо ҳастанд. ҳарчанд даврони ҷавонӣ давраи пурҷӯшу хурӯш аст, аммо сабру таҳаммул ва ҳифзи оромиш мояи саодатмандӣ ва зиндагии шоиста аст.

Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир баъзе аз ҷавонони камандешаю ноогоҳ аз худи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фирефтаи суханҳои пуч ва найранги хоинони миллат шуда, ватани худро зери по карда истодаанд, даст ба амалҳои нангин зада, мехоҳанд, ки оромии кишвар халалдор гардад. Илова ба ин, тоифаи мубаллиҳ маҳзи сари бархе ҷавонони сабукфикрро заҳролуд кардаанд. Ифротгароёни мутаассиб бо тавсия ва супориши хоҷагони хориҷиашон амал карда, мехоҳанд дар тинати ҷавонони ноогоҳ рӯҳияи ватанбадбиниро ҷо кунанд. Ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз мушкилоти ҷиддӣ, ин ҳам бошад, шомилшавии ҷавонон ба гӯрӯҳҳои тундраву ифротгаро фаро гирифтааст. Ин ҷавонони зудбовар дарк намекунанд, ки халқи тоҷик ҳамеша тоҷи шараф аз нангу номуси ватандорӣ доштанду амалҳои имрӯзаашон боиси нооромии мардуми худи он минтақа гардида истодааст. Мардуми ин мавзеи зебоманзари тоҷиконро мебояд, ки аз як гиребон сар бароварда, дар таъсини сулҳу суботи кишвар ҳисса гузоранд ва даст ба чунин амалҳои нохуб назананд. Онҳо бояд худ донанд, ки ҷангу харобкорӣ  ҳеҷ гоҳ бар манфиат нахоҳад буд. Зиёда аз ин харобкорон бояд дарк намоянд, ки ҳеч гоҳ ҳеҷ амале бе подош нахоҳад буд ва рӯзе мерасад, ки кирдорҳои ноадолатонаи онҳо ошкор гардида, сазои амали худро хоҳанд гирифт.  

Мардуми бузургсоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мебояд, ки нисбати тарбияи ҷавонону наврасон муносибати ҷиддӣ дошта бошанд, зеро ин масъала метавонад ба тамоми умри  ҷавонон таъсиргузор бошад.

Мухбира САЛИМӢ

Add comment


Security code
Refresh