Боми ҷаҳонро зевари кишвари мо

Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон расман дар 2 январи соли 1925 бар асоси Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шӯравӣ дар таркиби Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуда бошад ҳам аз оғоз то ба имрӯз мардуми ин сарзамин бо дониш, фарҳанг, санъат ва варзиш дар арсаи ҷаҳонӣ обруву эътибори Боми Ҷаҳон ва Тоҷикистонро нигоҳ доштаанд. Мардуми ин минтақа 3,2 дарсад аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. 97 дарсад аз сарзамини ВМКБ кӯҳсор аст ва баландтарин кӯҳҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 м), қуллаи Истиқлол (7134 м), қуллаи Корженевский (7105 м), дар ин вилоят ҷой доранд. Аз ин рӯ Бадахшонро Боми Ҷаҳон низ меноманд. Бадахшон аз оғоз то ба имрӯз таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Ин минтақаи кишвар макони сайёҳии дохиливу хориҷӣ ба шумор меравад.

Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, мардуми сарбаланди ин сарзамин ба таҳдидҳо ва зулмҳо сар нафароварда шарафи инсонӣ ва қавмии хешро бо орияту асолати тоҷикӣ нигоҳ дошта омадаанд.

Чи хеле ки дар саҳифаҳои таърих дарҷ гардидааст, аз Бадахшон Роҳи бузурги абрешим мегузашт, рафту омад ва муҳоҷирати ақвоми мухталиф дар ин ҷо ба мисли намоишгоҳе аз нажодҳо ва забонҳо табдил ёфтааст. Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аҳолии асосӣ тоҷиконанд. Дар сарчашмаи рӯди Ҷавшангоз осори одамони асри санг (5-3 то м.) ёфт шудаанд, ки аз таърихи қадимии Бадахшон гувоҳӣ медиҳад. Тоҷикони Бадахшон аҳолии муқимӣ буда, ба коркарди замину чорводорӣ ва ҳунармандӣ аз давраҳои қадим машғуланд.

Хушрӯзи Ҷамолиён,

мутахассиси шуъбаи тарбияи

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh