СУЛҲУ СУБОТИ КИШВАР НЕЪМАТИ БЕБАҲОТАРИН

Имрӯз мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор аз ин Ватану ин миллат мекунанд, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва фазои орому осоишта умр ба сар бурда, аз неъматҳои бузурги Ватан истифода менамоянд. Ба солҳои гузаштаву аллакай ба таърих воридшуда менигарему ҳар лаҳзаи тақдирсоз падид меоянд ва роҳу равишамонро аниқу муайян менамоем. Баъди ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ, ҳарчанд мушкилот ҷой дошт, дар натиҷаи тадбирҳо ва чораҳои андешидаи ҳукумати ҷумҳурӣ ба марҳала, ба давраи рушду такомул ворид шуд ва роҳи суръат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, пешрафту таҳкими иқтисодӣ пешгирифта шуда сатҳу сифати зиндагӣ беҳтар шуд.

Аз расонаҳои хабарӣ доир ба тазоҳуроти як гуруҳ нохалафони ҷиноятпеша дар Бадахшон бохабар шудам. Аз ин рӯйдоди сарзадаву ҳолати вазнини мардуми осоиштаи Бадахшонро пеши назар оварда дар шигифт шудам. Ин амали зархаридону хоинони миллатро, ки сулҳу субот ва оромиву якпорчагии кишвари соҳибистиқлолро дида наметавонанд, маҳкум месозем. Дар ин раванд имрӯз ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ масъалаи басо ташвишовар маҳсуб ёфта, аз омилҳои хавфнок ва мушкилоти глобалии ҷомеа ба ҳисоб меравад ва танҳо тавассути муборизаи дастаҷамъона метавон решакан кард.

Аз ин лиҳоз хуб мешуд, ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол ободкор буданро дар сиришти худ, дар ниҳоди худ парварем, ба ҳар гуна дасисаҳои авомфиребон дода нашавем ва сулҳу Ваҳдати  кишварро чун гавҳараки чашм нигоҳ  дорем.

М.ҲАЛИМОВА

Add comment


Security code
Refresh