СУЛҲУ ВАҲДАТ ИФТИХОРИ КИШВАРИ СОҲИБДИЛАМ

27 уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба имзо расид. Тасвиби ин санад ба оштинопазирии ҷомеаҳои низоъҷӯ ва қатъи оташи ҷанг дар кишвар ба тарзи воқеию ҳуқуқӣ хотима гузошт. Бисту панҷ сол инҷониб дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу ваҳдат ҳукмронӣ дошта, осмони софу беғубораш қалби ҳамагонро шод мегардонад ва хуршеди оламоро сарзамини тоҷикони ваҳдатсарову сулҳофарро нурборон мегардонад. Ҳарчанд бисту панҷ сол дар саҳфаи таърих муҳлати тӯлонӣ нест, аммо дар ин муддат метавон гуфт, ки халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи даҳсолаҳоро тай карда, ба муваффақиятҳое ноил гардид, ки дар гузаштаи начандон дур танҳо орзу карда метавонисту бас.

Аз забони худи нафароне, ки хабари расидани ваҳдати миллиро дар кишвар шунидаанд ва ё ин пайғоми хушро расондаанд ва ё барои расидан ба ин дастовард заҳмат кашидаанд, барои муштариёни рӯзнома басо ҷолиб ва шуниданиву хонданист.

Равшан Усанов дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва маданиятшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров:

- Дар таърихи инсоният воқеаҳое ба амал меоянд, ки онҳоро тақдирсоз номида, барои тараққиёти халқу давлат муҳим арзёбӣ мешаванд. Гумон мекунам, санаи мубораки 27‐уми июни соли 1997, ки дар Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба имзо расид, аз воқеаи оламшумул ва муҳими давлат ба шумор мераванд. Ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Он бар ивази ҷоннисориҳои ҳазорҳо мардум, гуреза шудани наздик 1 миллион нафар аз давлати худ ба кишварҳои дигар, аз фаъолият мондани теъдоди зиёди муассисаю ташкилот, вайрон шудани заводу фабрикаҳо, ноустувории аксари соҳаҳои хоҷагии халқ ба мо муяссар гаштааст. Давлати мустақили тоҷикон ҳанӯз аз неъматҳои соҳибистиқлолӣ ва имкониятҳои ин давра бохабар нашуда, ба ҷанги таҳмилӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар ин вазъияти муташанниҷ ва фалаҷгаштаи кишвар ба сари ҳокимият Сарвари фидокору адолатпеша Эмомалӣ Раҳмон омаданд. Ин роҳбари ҷавону оқил давлати ба назари дигарон несту нобудшавандаро сарвару раҳнамо шуданд. Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина, марҳала ба марҳала ва ҳатто, соат ба соату лаҳза ба лаҳза нишон дода тавонистанд, ва дар ҳақиқат шахсест, ки ба кишвари худ Тоҷикистон бахту саодатовар буда, ҳидоятгари Ваҳдати миллианд. Барои расидан ба ин мақсади наҷиб Сарвари давлат давоми 3 солу се моҳ садҳо мулоқот, музокирот ва вохӯриҳо доир намуда, устувории худро дар роҳи пешгирифтааш нишон доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамагон маълум карданд, ки агар инсон азм намояд, на фақат дар дохили кишвар, балки берун аз он ҳам қодир аст, обрӯву нуфузи халқу миллат ва давлати худро боло бардорад. Маҳз, хизматҳои шоён ва намоёни ин марди хирадгустар буд, ки имрӯзҳо он кас байни роҳбарони давлатҳои мутараққӣ ва арбобони сиёсӣ нуфузи шоистаеро соҳиб ҳастанд.

Ваҳдати Суҳайлӣ – хатмкардаи синфи 11‐уми Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон:

- Санаи таърихии 27‐уми июни соли 2004 дар оилаи зиёии деҳаи Ремони ноҳияи Айнӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодаам. Хатмкардаи Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон мебошам. Ифтихор аз он дорам, ки Ваҳдат аз хонаи мо, оилаи мо, деҳа ва ноҳияи мо оғоз меёбад.

Ҳамарӯза ба забон гирифтани ин калима аз ҷониби падару модар ва наздиконам маро водор месозад, ки ба номам муносиб бошам. Китоби «Тоҷикон» и Бобоҷон Ғафуровро хонда ба итмом расонидаам. Иштирокчӣ ва ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ буда, дар Академияи хурди илмҳо бо мавзӯи «Ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони маъюб» баромад кардаам. Дар оянда ҳуқуқшинос шуданиам, бовар дорам, ки ин орзуи ман амалӣ мегардаду ба халқу Ватан хизмати шоиста менамоям. Ҳисси шодмониву ифтихори номи Ваҳдат доштанам он вақт бештар боло гирифт, ки ҳамроҳи бобоям Муҳаммадносири Насруллоҳ ҳангоми сафар ба пойтахти кишвар назди бинои муҳташаме қарор гирифтем ва донистам, ки он ҷо Кохи Ваҳдат будааст. Имрӯз бо шукргузорӣ аз Ваҳдату Истиқлоли Ватан гуфтаниам, ки ҳарчи бештар барои ободии сарзамини аҷдодиам кӯшиш хоҳам кард.

Қосимбобо Эргашев – сокини 78 солаи ноҳияи Зафаробод:

- Дар заминҳои колхозӣ машғули меҳнат, аммо гӯшу ҳушамон ба радиои колхозии дар бошишгоҳҳо насбшуда банд буд. Ҳарчанд боду ҳавои оташи ҷанг то пахтазорони Зафаробод нарасида бошад ҳам, ба ҳар ҳол мо дар замини худу макони авлодӣ умр ба сар мебурдем. Лекин ҳазорон нафар гурезаҳо, ки ҳамватанони мо буданд, дар мулки бегона азият мекашиданд. Ҳамарӯза овози муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо медод: «Ҳамватанони азизам, аз Шумо хоҳиш мекунам, ба Ватан, ба хонаҳои худ баргардед. Як қатраи обу як бурда ноне, ки дорем, бо ҳам хӯрда, Тоҷикистони азизамонро обод мекунем». Ин суханони Сарвари давлат қалби ҳамагонро реш – реш мекард, аз тарафи дигар ба мардум руҳу илҳоми тоза мебахшид, зеро дар таърихи давлату давлатдории башарият Эмомалӣ Раҳмон ягона роҳбаре маҳсуб меёфт, ки аз рӯзҳои нахустини ба сари ҳокимият омаданаш даъвати ба Ватан баргаштани гурезагонро мекард ва ба он муваффақ ҳам шуд. Имрӯз дидани ободию тозакориҳо ва рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз моро қуввату неру мебахшад, ки маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд.

Таъмини ояндаи дурахшони фарзандон, фароҳам овардани шароити мусоид орзуи ҳар як шаҳрванди тоҷи‐кистонист. Барои дар амал ҷорӣ намудани ин корҳо бошад, нафаре ҳаст, ки паҳлӯ ба паҳлӯ бо мардум қарор гирифта, ба онҳо қувва мебахшад, орзую ормонҳои халқро дар амал ҷорӣ мегар‐донад, халқи азияткашидаи тоҷикро ба асли хеш бармегардонад ба зиндагии хуррамона роҳнамун месозад, ки ин ҳам бошад, поягузори сулҳу ваҳдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар ободиҳо рӯз аз рӯз афзун гардида, давлат ва соҳибкорон даҳҳо корхонаю коргоҳҳои бузургу миёнаро сохта ба истифода дода, ҳазорҳо нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гарданд, деҳқонони асил соҳиби қитъаҳои замин гашта, хоҷагиҳои оилавӣ ва инфиродӣ таъсис ёфтанд.

Тавҳида Ҷӯраева – собиқадори матбуот:

- Замоне, ки ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт, дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе иқомат доштему хоҳаронам дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8‐ум таҳсил мекарданд. Хонаи мо дар байни ду майдон – «Шаҳидон» ва «Озодӣ» қарор дошт. Хоҳарам, ки алҳол сарвари яке аз муассисаҳои таҳсилотии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, он замон хонандаи мактаб буду ҳамарӯза бояд ба муассиса ҳозир мешуд, аммо вазъият тақозо дошт, ки аз хона набарояд. Ӯ, ки хонданро аз ҷонаш беш дӯст медошт, доим аз падару модарам хоҳиш мекард, ки ӯро иҷозати мактабравӣ диҳанд. Модарам бошанд, баръакс – ба вазъияти муташанниҷи он давра нигоҳ накарда, ҳамеша барои даъват ва хомӯш кардани оташи ҷанг ба ҳар ду майдон рафта, мардуми он ҷоро фаҳмонданӣ мешуданд, ки ҷанг маҳвкунандаи тамоми чизҳои беҳтарин аст. Аз ин рӯ, ҳамагон модарамро чун «зани мубориз» мешинохтанд. Холаам низ мисли модарам зани ҷасур буда, дар байни халқ сурудҳоеро месароиданд, ки мазмуни баланди даъват ба сулҳу салоҳро дошт. Имрӯз дар кишвар тинҷию осудагӣ ҳукмфармост, ҳарчанд бо мурури замон захмҳои азҷангбардошта шифо меёбанд, аммо он хотираҳоро аз ёд наметавон бурд. Мо, фарзандон аллакай ба мафҳуми калимаю ибораҳои «сулҳу салоҳ», «истиқрори сулҳ» сарфаҳм мерафтем ва бесаброна расидани рӯзи шодиро интизорӣ мекашидем.

Рӯзи 27‐уми июни соли 1997‐ро мо, аҳли оила мисли тантанаи ҷашни зодрӯз таҷлил карда будем. Хурсандии падар, шодии модар ва хушҳолии хоҳару додаронам ҳадду канор надошт. Имрӯз мо, шаш фарзанди падару модар ҳар яке дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият дорем ва дарк менамоем, ки ба волидайн он замон хеле душвор будааст. Бале, барои расидан ба оромиву Ваҳдати миллӣ тамоми халқи захматкаши тоҷик кӯшиш намудаанд. Зиёда аз ин ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯз Тоҷикистонро даҳҳо давлати дунё ба расмият шинохтанд, аксари кишварҳо бо мамлакати мо созишномаҳои ҳамкорию дипломатӣ бастанд.

Ваҳдат, сулҳу салоҳ ва оромиву осоиштагӣ буд, ки шароит дар тамоми соҳаҳо муҳайё гардид. Бешак, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваъдаи худ, ки ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона, дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам» содиқ монданд ва имрӯз самараи меҳнати пурмашаққати он касро бо бадастории 25 соли пурифтихор таҷлил менамоем.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh