Амалҳои иғвогарон фош гардид

Филми «Шикасти фитна» аз фаъолияти хоинона қисса мекунад. Вақте филми мазкурро тамошо намудам, дарк кардам, ки имрӯз инсонҳо ба тарзи гунонгун ба Модар ва Ватани худ хизмат намуда, қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии хешро иҷро менамоянд.

Аммо тавре медонем, дар ҳама давру замон буд ва ҳаст тоифаи мардумоне, ки ба ҷойи роҳи рост роҳи каҷ, ба ҷойи сухани дурусту саҳеҳ сухани бофтаю дурӯғ, ба ҷойи амали шоистаю нек амали зишту фасод ва ба ҷойи хизмати арзанда намудан ба Модар ва Ватан "хизмат"-и дурӯғини пардапӯш дар шиори миллатдӯстӣ, масъулияти ватандорӣ, инсондӯстӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва фарҳангсолорӣ менамоянд. Ин тоифа дар фаъолияти худ манфиатҳо ва ҳадафҳои стратегии дигар давлат, шахсият ва созмону ташкилотҳоро инъикосу амалӣ менамоянд. Самт ва усули асосии кору фаъолияти ин гурӯҳ иғвоангезӣ, ҷудоиандозӣ, тарғиби андешаҳои зиддидавлатӣ, калону воҳиманок нишон додани камбудиҳои ҷомеа ва сӯистифода аз тамоми муқаддасот бар ивази амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ ва ба ин васила забти ҳокимият мебошад. Ин тоифа дар роҳи бунёдкориву созандагӣ танҳо бо забон амал намуда, аз дин, оин, имон, виҷдон, номус ва номи миллату давлат сӯистифода менамоянд ва худро "дилсӯз"-и башарият нигоришта, гӯё ҳамеша ғамхору мададгори аҳли ҷомеа ҳастанд. Аммо дар асл ботин ва зоҳири онҳо бо ниқоби сиёсӣ пӯшонида шудааст ва дар зери он бозиҳои сиёсие нуҳуфтаанд, ки аз онҳо бӯйи хуни мардуми бегуноҳ, ятимшавии ҳазорон тифл, ашки чашм ва андӯҳи гарони ҳазорон модарон ва оташи ҷанг дар замини муқаддаси Ватан ҷойгир аст. Далели ин матлаб мазмуни филми «Шикасти фитна» мебошад, ки «қаҳрамонон»-и он саркардагони гурӯҳи террористӣ дар чанде аз шаҳр ва ноҳияҳои ВМКБ М.Мамадбоқиров, Х.Холбашов, У.Мамадшоева ва А.Шерзамонов ҳастанд.

Маълум мешавад, ки дар ноамн гардонидани Вилоят аъзоёни ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ (ТТЭ ҲНИ), хусусан А.Шерзамонов даст доштааст. Афкору андешаи хурофотпарастӣ, таассуби динӣ, қудратталабӣ ва ангехтани тухми кинаву адоват дар миёни аҳолӣ аз ҷониби аъзоёну пешвоёни ТТЭ ҲНИ дар симои А.Шерзамонов шоҳиди гуфтаҳои мост.

Рӯйи навор омадани филми мазкур барои мардуми шарифи тоҷик чеҳраҳои хоинон ва ватанфурӯшону номардони ватанро шиносонид ва бояд гуноҳи чунин иғвогарону мардумфиребон бахшида нашавад ва ҷазои сангини ҳуқуқӣ дода шавад.

Беҳрӯзи С.

Add comment


Security code
Refresh