Сабабҳои ташкилоти террористӣ эътироф гардидани ҲНИ аз ҷониби Федератсияи Россия

Хотирнишон менамоем, ки ташкилоти нахустини Ҳизби наҳзати исломии ҳанўз соли 1978 дар совхози «Туркманистон» – ноҳияи Бохтар  таъсис ёфта, дар марҳилаи аввал ба монанди созмони махфии «Бародарони мусулмон» ба таври пинҳонӣ амал мекард. 26 октябри соли 1991 анҷумани муассисони ҳизб ба таври расмӣ баргузор шуд ва солҳои 1991 – 1993 ҳизби мазкур  ошкоро амал намуда, фаъолияти террористӣ мебурд.

Масалан, пас аз шикасти ҷиддӣ  хўрдан дар Душанбе, Кофарниҳон ва Файзобод нерўҳои мухолифин дар моҳи декабри соли 1992 – январи соли 1993 ба самти ноҳияҳои минтақаи Ғарм фирор намуданд. Онҳо дар он ҷо ғояҳои худро тарғиб намуда, бо роҳи зўроварӣ ба ном тартиботи исломиро ҷорӣ намуданд. 14 феврали соли 1993  яке аз мубаллиғони низоми исломӣ домулло Саъдиддин – С. Т. Рустамовро роҳбари  созмони навтаъсиси  Шўрои инқилобии исломии ноҳияи Ғарм таъин намуданд. Роҳбарон  ва аъзоёни  Шўро С. Т. Рустамов, Р. Содиров, Н. Хоҷаев ва дигарон аз моҳи декабри соли 1992 дар ҳудуди ноҳияҳои минтақаи Ғарм аҳолиро ба «ҷиҳод» – ҷанги муқаддас ба муқобили ҳокимияти қонунӣ даъват намуданд. Онҳо бо тариқи «Телевизиони Ҷумҳурии Исломии Қаротегин», ки онро нав таъсис дода буданд, дар матбуот ва масҷидҳо баромад намуда, аҳолиро ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва барпо намудани Ҷумҳурии Исломии Тоҷикистон даъват менамуданд. Созмони ҷинояткори  Р. Содиров бо мақсади амалӣ намудани ниятҳои нопоки худ садҳо ҷиноятҳои вазнин содир намуданд. Баҳор ва тобистони соли 1993 нерўҳои  ҳукуматӣ  ҷангҳои шадид бурда, онҳоро сарнагун намуданд. 21 июли соли 1993 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори Ҳизби демократии Тоҷикистон, ҳаракати «Растохез» ва созмони «Лаъли Бадахшон» барои ташкили намоиши бардавом дар майдони «Шаҳидон», дар моҳҳои март – майи соли 1992, ки ба ҷанги бародаркуш оварда расонд, фаъолияти Ҳизби Наҳзати исломии низ манъ карда шуд. Роҳбарони ҳизб ба Афғонистон фирор намуда, дар он ҷо моҳи июни соли 1993 Иттиҳоди мухолифон  тоҷикро ташкил намуданд, ки ба ҳайати он намояндагони Ҳизби Наҳзати ислом шомил буданд.

Солҳои 1992 – 1997 ҲНИ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шудааст.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 28 октябри соли 1999 бо мақсади ба амал омадани тафоҳуми амалӣ миёни неруҳои дорои мавқеи сиёсии динӣ ва дунявӣ дошта, бо мақсади истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии байни тоҷикон, мутобиқи моддаи 28 –и Конститутсияи Тоҷикистон, ки таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти динидоштаро рухсат медиҳад, нахустин ҳизби дорои хусусияти динӣ, яъне Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро маротибаи дуюм ба таври расмӣ ба қайд гирифт.

Раиси собиқи Ҳизби наҳзати ислом М. Ҳимматзода мақсаду мароми ҳизбро чунин баён намуда буд: «Кору амали мо асосан тавассути кутубу дастуроте, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ  барои иҷрои вазоиф дастраси мо мешуданд, ба роҳ монда шуда буд. Дар ин маврид донишҷўёне, ки муҳассилини давлатҳои хориҷӣ буданд, ба мо кўмакҳои хубе карданд. Кутубу рисолоти пешгомону пешвоёни давлат ва ҳаракатҳои исломии олам Шайх Ҳасани Банно, бародарон Саид Қутб ва Муҳаммад Қутб, Саид Ҳавво, Абдуллои Мавдудӣ боис гардиданд, ки мо ба худ роҳ ёбем, тарзу усули муборизаро биомўзем. Ислом танҳо иборат аз ибодат нест. Ислом ҳам дин, ҳам сиёсат, ҳам дунё ва ҳам охират аст».

Ҳақ ба ҷониби яке аз донишмандони мазҳаби ҳанафӣ, эшони Ҳикматуллоҳи тоҷикободӣ аст, ки зарурият надоштани ташкили чунин ҳизбро дар Тоҷикистон таъкид намуда, гуфта буд: «Барои мазҳаби Ҳанафӣ ҳизби наҳзати ислом лозим нест. Ҳизби мо Қуръони маҷид аст, ки аз тарафи худои яккаву ягона ба рўи замин омадааст».

Симои ҳақиқии ҲНИ – ро собиқ муассис ва узви фаъоли он Мулло Абдураҳим Каримов  чунин баён намудааст: –  «Ҳизби Наҳзати Исломи низ аз ҷумлаи аҳзоби сиёсии динӣ ҳаст, ки пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ нахустин шуда, аз ҳастии худ дар қаламрави Осиёи Миёна хабар дода буд. Яъне ҲНИ аз фаъолияти пинҳонӣ ба фаъолияти ошкоро гузашт. Аммо мутаассифона, бисёре аз аъзоён ва роҳбарони бахшҳои ҲНИ, аз ҷумла банда, дар бораи барномаи сиёсии пинҳонпаҷўҳонаи ҲНИ огаҳӣ надоштанд. Аслан, ҳизб барои ислом бегона аст.

Бунёд кардани Ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон, ки қариб сад дар сади сокинони он мусулмон ҳастанд, худ тафриқа андохтан миёни мардуми мусулмони кишварамон мебошад. Аз ин ҷост, ки мардуми мусулмон, аз ҷумла рўҳониёни машҳури тоҷик ҲНИ – ро намепазируфтанд ва онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи ваҳҳобия донистанд, фаъолияташро номашрўъ ҳисобиданд. Аммо ҲНИ бар иродаи мардуми мусулмон ва рўҳониёни мазҳабӣ нигоҳ накарда, бо кўмаки хоҷагони пасипардагии худ арзи вуҷуд намуд.  То имрўз ин рақобати  рўҳониёни исломи асил бо ҲНИ боқӣ мондааст ва онро онҳо эътироф намекунанд.

Аммо, пас аз маротибаи дуюм  ҳамчун ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шудани ҲНИТ аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ) доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норизогию иғво ва кинаву адоват барангехтаанд. Масалан, таҳлили фаъолияти беш аз бистсолаи ҳизби мазкур ҳар як шахси солимфикрро ба хулоса меорад, ки пайравони ин ҳизб аз ҳалли муаммоҳои мубрами иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа чашм пўшида, қобилияти ақлӣ ва зеҳниашонро танҳо ба ҳимояи ришу ҳиҷоб равона кардаанд. Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар» танҳо дар панҷ соли охири фаъолияташон 45 нафар аъзои ҲНИ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ  барои бо роҳи  зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаву адовати динӣ, ки барои нооромии вазъи сиёсӣ мусоидат менамоянд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Масалан, собиқ Раиси бахши ҲНИ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин дар ҳайати  иттиҳоди террористии «ҷамъияти Ансоруллоҳ» таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси «Алии Бедакӣ» ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси «Мулло Абдулло» соли 2010 дар водии Рашт дар куштори 25 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ҳангоми ба иттиҳоди террористии мазкур дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои омода сохтани  воситаҳои тарканда дастгир карда шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардидааст.

Моҳи июли соли 2012 роҳбарони бахши вилоятӣ ва шаҳрии ТТЭ ҲНИ Мамадризоев Сабзалӣ  ва Карамхудоев  Шерик дар бетартибиҳои оммавӣ дар шаҳри Хоруғ иштирок намуда, алайҳи мақомоти давлатӣ муқобилияти яроқнок нишон доданд. Аъзои фаъоли ҲНИ дар шаҳри Исфара бародарон Шариповҳо, Мукаррамхўҷа ва Мусаямхўҷа, Турсунов  А.   дар куштори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба фаъолони ташкилоти террористии «Ҳизби исломии Туркистон» мусоидати бевосита намуданд. 11-уми августи соли 2015 панҷ аъзои ҲНИ – Саидов Д., Фозилов Д., Пиров Қ., Хоҷамуродов Т. ва Абдуллоев Ҷ. дар шаҳри Норак парчами ташкилоти террористии «Давлати исломӣ»-ро овехтанд.

Чунин мисолҳоро метавон беохир давом дод. Вале ҳамаи ин хиёнатҳои кўчаке буданд, ки дар онҳо теъдоди камтари аъзои ҳизб  иштирок мекарданд.

Хиёнати наҳзатиҳо дар таърихи 4-16 сентябри соли 2015, нақшаи тарҳрезишудаи мушаххасе буд, ки бо дасти беруна омода гардида, бо дасти худиҳо бояд амалӣ мешуд.

Дар ин қазия дигар ҷойи пўшида намонд. Дақиқ шуд, ки Назарзода Абдуҳалим маъруф бо лақаби «Ҳоҷи Ҳалим» ва гурўҳи террористии ў бевосита аз ҷониби раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ идора ва раҳнамоӣ мешуданд.

Бо мақсади бо роҳи зўроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзоёни Раёсати Олии ҳизби номбурда, бо собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерўҳои мухолифин ва дигарон зиёда аз 20 гурўҳи ҷиноятӣ иборат аз 15-30 нафариро дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятӣ созмон дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ онҳоро, тибқи нақшаи тарҳрезишуда, ки аз утоқҳои кори муовинони Раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ ва Ҳайитов Маҳмадалӣ ёфта гирифта шудаанд, вазифадор кардаанд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд. Ҳамин тариқ, муайян карда шуд, ки мақсади асосии ҲНИ аз сарнагун намудани сохти конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат мебошад.

Мавриди таъкид аст, ки мутобиқи моддаи 4 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсад ва амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурўҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои наҷодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ аст.

Бо дарназардошти  ҳолатҳои зикргардида дар таърихи 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олӣ аризаи Прокурори  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуд ва Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ), террористӣ эътироф намуда, фаъолияти  ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ  барҳам дода, нашри рўзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, истеҳсоли  чопу нашри  рўзномаю  адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ карда шуд.

Боиси хушнудист, ки кирдорҳои террористонаи ТТЭ ҲНИ огоҳ гардида, Прокуратураи Федератсияи Русия низ фаъолияти ташкилоти террористии мазкурро дар ҳудуди кишвараш манъ кард.

 Раҳмонова Н.
– муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети
инноватсия ва телекоммуникатсияи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh