МУАММОИ ГЛОБАЛӢ

Тамоми кураи Замин, яъне ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди падидаҳои номатлуб, аз ҷумла, терроризм ва ифротгароӣ, савдои одамон, қочоқи маводи мухаддир мубориза мебаранд. Махсусан кишварҳои Осиёи Марказӣ дар натиҷаи авҷ гирифтани давраи нави мухолифати абарқудратҳо бо чунин падидаҳои номатлубе, ки дар боло қайд кардем, рӯ ба рӯ мегарданд. Масалан, яке аз падидаҳои номатлуби хатарнок ба монанди пайдоиши лоиҳаи геополитикии ба ном «Давлати Исломӣ» худро бо дини мубини Ислом муаррифӣ намуда, дар асл тамоман дигар мақсадҳо доранд. Онҳо ягон робитае ба дину мусалмонҳо надоранд, баръакс ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари зиёд эҷод менамоянд.

Мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ масъалаи муҳими таъмини амнияти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистон ягона кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад. Инчунин, бар зидди терроризм якчанд барномаро қабул намудааст.

Ҳамчун давлати ташаббускор дар асоси ин барномаҳо чун сипар на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа, кишварҳои пасошӯравӣ ва аврупоиро аз паҳншавии чунин падидаҳои номатлуб, ба монанди маводи мухаддир, силоҳ, терроризму экстремизм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъмин карда истодааст.

Р.МИРМАМАТОВА,

устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh