ТТЭ «ҲНИ» дар ҳудуди Федератсияи Россия ташкилоти террористӣ эътироф шуд

Таҳлили раванди ташаккулёбии вазъият нишон медиҳад, ки густариши зуҳуроти терроризму экстремизм дар як қатор кишварҳо, ба амният ва суботу оромии минтақа ва ҷаҳон таҳдид эҷод менамояд. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рӯз ба рӯз  болоравии эътиқоди динии мардум, паҳншавӣ ва таъсири идеяҳои ибротӣ дар миёни аҳолӣ эҳсос мегардад. Ташкилоти террористӣ – экстремистии «ҳизби наҳзати исломӣ» аз рӯзи аввали пайдоиши худ аз эътиқодоти динии сокинони Тоҷикистон, ки 99,9 фоизи онҳо мусулмон мебошанд, сӯиистифода намуда, ҳояҳои таассубгароёна, иртиҷоӣ, ифротӣ ва ҷиҳодиро паҳн менамояд.

Таъсиси ТТЭ ҲНИ лоиҳаи кишварҳои хориҷӣ буда, мақсадаш ташкили давлати теократӣ дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ба ҳисоб меравад. Саркардагон ва хоҷагони хориҷии ташкилот ҳанӯз аз солҳои 80-ум ба маҳзшӯии мақсадноки ҷомеа даст зада, дар тамоми ҷумҳурӣ ячейкаҳои хуфтаи худро ташкил намуданд. Моҳи октябри соли 1991 дар яке аз ҷаласаҳои ҳайрирасмӣ ТТЭ ҲНИ бунёди давлати исломиро ҳамчун вазифа ва ҳадафи стратегии худ муайян намуд. Аз ин давра, ТТЭ ҲНИ фаъолияти тахрибии хешро вусъат бахшида, кӯшиши ба таври зӯроварӣ ҳасб намудани ҳокимияти давлатиро амалӣ сохт.

ТТЭ ҲНИ аз усули террор ба таври васеъ истифода менамуд. Охири соли 1991 ТТЭ ҲНИ қаноти ҷангии худро бо номи «Наҷоти Ватан» таъсис дод. ҳадафи ниҳоди мазкур куштори ходимони сиёсию ҷамъиятӣ, олимон, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон, умуман равшанфикрону ашхоси содиқ ба Ватан ба ҳисоб мерафт.

27-уми июни соли 1992 гурӯҳҳои мусаллаҳи ТТЭ ҲНИ дар ҳудуди совхози Туркманистони ноҳияи Вахш 21 сокини ноҳияро ба таври ваҳшиёна азоб дода, ба қатл расонидаанд. Гурӯҳҳои диверсионии ТТЭ ҲНИ ходимони давлатӣ, аҳли адаб, фарҳанг, журналистон ва дигар ашхоси ватандӯстро террор кардаанд.

Баъди ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳ ТТЭ ҲНИ бедодгариҳои хешро идома дод. 19-уми сентябр гурӯҳи силоҳбадастони ТТЭ ҲНИ дар ҳудуди дараи Камароби минтақаи Рашт ба қатори мошинҳои сарбозони ВМ ҶТ ҳамла намуда, 26 сарбрзу афсарро ба қатл расонданд. 14 сарбозу афсар ҷароҳатҳо бардоштанд.

4-ум и сентябри соли 2015 ТТЭ ҲНИ нақшаи исёни мусаллаҳона ва кӯшиши ҳасби ҳокимиятро ба таври зӯроварӣ амалӣ намуд. Гурӯҳи террористони ТТЭ ҲНИ таҳти роҳбарии собиқ муовини Вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода 664 автомат, 100 тапонча, 14 милтиқи мерганӣ, 4 гулулаандоз ва беш аз 64 ҳзор тирро бо сӯиистифода аз мақоми хизматӣ тасарруф намуда, нақшаи ҳасби бинову иншооти стратегиро доштанд.

Фаъолияти ТТЭ ҲНИ соли 1993 бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардида, то соли 1997 ниҳоди номбурда фаъолияти ҳайрқонунӣ ва зиддимиллиашро аз ҳудуди Ҷумҳурии исломии Афҳонистон идома медод. Баъди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ТТЭ ҲНИ аз соли 1999 ҳамчун ҳизби сиёсӣ фаъолияташро идома дод. Бо назардошти ҷиноятҳои содиркарда, даст доштан дар бедодгариҳои солҳои ҷанги таҳмилӣ, қатлу куштор, содир намудани актҳои террористӣ, кӯшиши ташкили табадуллоти давлатӣ ва дигар ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта, 29-уми сентябри соли 2015 ТТЭ ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардид.

Даст доштани ТТЭ ҲНИ дар содир гардидани 560 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин бо далелҳо исбот гардидааст. 86 амалӣ террористӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ содир гардида, беш аз 100 шаҳрвандони хориҷӣ кушта шудаанд. 800 нафар аъзои ташкилот бо ҷурми алоқамандӣ бо ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дасгир шудаанд. 1000 нафар тарафдори ТТЭ ҲНИ дар зарфи 30 соли охир омодагии махсуси террористӣ-диверсионӣ гирифтаанд. Инчунин, аъзоёни ташкилот 1050 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд.

Танҳо дар давраи 1992-1997 бар асари бедодгарихои ТТЭ ҲНИ беш аз 150 ҳазор сокини кишвар кушта, зиёда аз 1 миллион нафар гуреза шуданд. Ба иқтисодиёти кишвар 10 миллиард доллари ИМА зарар расонида шуда, таъсири харобиовари он то ҳол эҳсос мегардад.

Бо назардошти таҳдиди воқеии ТТЭ ҲНИ, 8-уми июни соли 2016 ТТЭ ҲНИ ба рӯйхати созмонҳое, ки дар ҳудуди кишварҳои узви , «СААД» террористӣ шинохта шудаанд, таҳти №65 ворид карда шуд. ҳамчунин, 20-уми январи соли 2016 Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ТТЭ ҲНИ-ро таҳти №70 ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ, сепаратистӣ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар ҳудуди давлатҳои аъзои СҳШ манъ шудааст, дохил намуд. Ҳайр аз ин, Маркази зиддитеррористии ИДМ низ ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ ба маҳзани муштараки иттилоот дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккил ворид кардааст.

ТТЭ ҲНИ нисбат ба хизматчиёни ҳарбии Федератсдаи Россия, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат менамуданд, 46 маротиба амали террористӣ содир намуд. Ташкилот дар қатлу куштори аҳолии русзабони кишвар ваҳшонияти махсус нишон медод. Аз ҷумла, ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадии 12-ум дар ноҳияи Мир Саид Али ҳамадонӣ, қатли сарбозони баталёни рус ва қазоқ дар ноҳияи Дарвоз, ҳамла ба хизматчиёни ҳарбии рус дар шаҳрҳои Бӯстон (собиқ Чкаловск), Хуҷанд, Душанбе ва ҳайра мисолҳои ваҳшонияти ТТЭ ҲНИ ба ҳисоб мераванд.

Бо назардошти амалкардҳои террористонаи ҲНИ, 14-уми сентябри соли 2022 аз тарафи Суди Олии Федератсияи Россия аризаи Прокурори генералии Федератсияи Россияро қонеъ карда, ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияти онро дар ҳудуди Федератсияи Россия расман манъ намуд.

Имрӯз саркардагони ТТЭ «ҲНИ» ва як гурӯҳ ҳаммаслакони онҳо дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурда, фаъолияти тахрибии хешро бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода истодаанд. Террористони ҲНИ кӯшиш доранд, ки тавассути қаноти ҷангии худ дар Ҷумҳурии исломии Афҳонистон «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар ҳудуди кишвар амалҳои террористиро анҷом диҳанд. Тавассути ҳуҷумҳои иттилоотӣ маҳзшӯии ҷавонони кишвар роҳандозӣ шуда истодааст.

Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надода, ба тарҳиботи дурӯҳини ин ташкилоти террористӣ дода нашавем. ҳамаи наздикон, фарзандон, бародарон, хешовандон, дӯстон, ҳамдеҳагон, ҳамшаҳриҳо ва ҳамватанонамонро, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, огоҳ кунем, ки дониста ва ё надониста бо саркардагон, аъзо ва ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ робита ё ҳамкорӣ накунанд. Ба онҳо расонанд, ки минбаъд алоқамандӣ бо ТТЭ ҲНИ аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ФР ҳамчун ҷиноят ба қайд гирифта шуда, нисбат ба онҳо чораҳои қонунӣ татбиқ мегарданд.

Add comment


Security code
Refresh