Экстремизм ва тарбияи ҷавонон

Дар самти мубориза ба экстремизм ва терроризм ба роҳбарияти Прокуратураи генералӣ супориш дода шуд, ки дар  ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ  ҳарчи зудтар  Стратегияи  миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм таҳия ва пешниҳод намоянд. Ва таъкид карда шуд, ки дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм  бояд номгўи  шахсони бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардонида дар баробари  ин ҷавобгарӣ  ва ҷазо барои  содир намудани  ҷиноятҳо ба муқобили сохти  конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистӣ  дошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин  ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзӯр карда шавад.

Ба ин хотир, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Вазорати  корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Маркази  миллии қонунгузорӣ вазифадор карда шуданд, ки муқаррароти Кодекси ҷиноятӣ ва дигар қонунҳои дахлдорро вобаста ба ин масъалаҳо ҳамаҷониба таҳдиду баррасӣ карда, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ, онҳо ба Ҳукумат  хулосаҳои мушаххас пешниҳод намоянд.

Дар идомаи гуфтаҳои боло қайд карда шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ  ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремисти ва террористӣ Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генерали ва дигар мақомоти  марбутаро зарур аст, ки   доир ба масъалаи таъсиси маркази  мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм ба Ҳукумат пешниҳоди асоснок манзур созанд.

Маҳз ба хотири таъмину амнияти суботи кишвар зикр гардид, ки «Роҳбарони  сохтору мақомоти зикршуда вазифадоранд, ки дар баробари омодагии ҳаматарафаи ҳарби ва касбии ҳайати шахсӣ ва кормандону хизматчиёни  харбӣ ба масъалаи   тарбия ва обутоби  ҷисмониву маънавии онҳо диққати доимӣ диҳанд.

Роҳбарон  ва ҳайати  шахсии  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ  ва  сохторҳои низомӣ бояд дар иҷрои вазифаву  ӯҳдадориҳои  хизматиашон доимо ҳушёру зирак  бошанд, барои таъмини  волоияти  қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи  субботу оромии ҷомеа  бар зидди  таҳдиду хатарҳои  муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти  ғайриқонунии маводи мухаддир  ва дигар ҷиноятҳои  муташаккили фаромарзӣ  қотеъона мубориза баранд.

Ҳамзамон бояд бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар  сохторҳои  низомӣ  ва мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ  дар мӯҳлати кутоҳтарин  тавонистанд нақшаҳои  ҷинояткоронаи  террористонро  барҳам зада,  оромии  Ватани азизамонро ҳифз ва таъмин намоянд.

Сарвари давлат  терроризм ва экстремизмро вабои аср номида, зикр кард, ки террорист Ватан , миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин вабои аср  ба амнияти ҷаҳон  ва ҳар як  сокини сайёра таьдид карда, барои башарият  хатари на камтар аз  силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Зуҳуроти  даҳшатноку нафратовари  терроризм , ки аксаран   таҳти шиораҳои диниву  мазҳабӣ сурат мегирад,  ба дини мубини ислом  иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандози шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони  сайёра зарар мерасонад.

Аз мардуми Тоҷикистон, хоса  ҷавонон даъват када шуд, ки дар муқобили  ин хатарҳо  муттаҳид бошанд, ҳушёрию зиракии сиёсиро  аз даст надиҳанд ва ба фиребу гумроҳсозиҳои ифротгароёни  тундрав  дода нашаванд.

Ҳамаи мо, халқи бо нангу номус вазифадор ҳастем, ки бо шукронаи  соҳибватаниву соҳибдавлатӣ  ва сулҳу оромии  кишвар, ба хотири фардои неку  ободии  Ватанамон  ҳарчи бештар  заҳмат кашида, Точикистони  маҳбубамонро  боз ҳам ободу  зебо гардонем ва дар ҳимояи марзу буми  кишвар, ҳифзи амнияти  давлату миллат  ва баҳри боз ҳам  ободу зебо гардонидани Тоҷикистони  азиз  саҳмгузор бошем.

Атоева М.М. 
–  номзади илмҳои филологӣ,
 дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh