ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРОРИЗМ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОН АСТ

Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисми зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат, хурофоти асри миёнагӣ ва сиёсатҳои геостратегӣ ноҳамвор сохта, дар ҳамбарҳамиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст ва ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина, нерўманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.

Саҳифаҳои таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набудааст. Террору одамкушӣ дар тӯли таърих бо шеваҳои гуногун аз худ дарак додааст. Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Онҳо аз сохти давлатие ҳимоят мекунанд, ки ба андешаашон ҷавобгӯи аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Аслан бояд қайд кард, ки терроризм зуҳуроти мураккаб аст. Мавқеияти сиёсӣ ва иҷтимоии он ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад. Он тӯли таърих дар миёни пайравони динҳои гуногуни яҳудӣ, насронӣ, ислом, ҳиндуизм, буддоӣ ва сикҳ вуҷуд доштааст.

Имрӯз зарур аст, ки кулли қувваҳои солими сайёра барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ дастҷамъ бошанд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳимми муборизаи босамар бо ин вабои аср аст. Сарукор гирифтан аз “сиёсати дугона” нисбат ба терроризму экстремизм самараи кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбию сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам нооромтар месозад.

Маблағгузорӣ шудани ташкилотҳои террористию ифротӣ аз тарафи созмонҳои байналмиллалӣ ва давлатҳову фондҳо имрӯз барои касе пӯшида нест. Чунин ниҳодҳо поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳру уқёнусҳо ғарқ шудани ҳазорон гуреза, аз ҷумла, занону кӯдаконро нодида мегиранд.

Дар Афғонистон нерӯҳои ифротии минтақа, ки Афғонистонро ҷойи амали террористӣ қарор додаанд, аз фурӯши маводи мухаддир барои худ яроқу аслиҳа мехаранд. Мусаллам аст, ки чунин ҳамсоягӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон кори осон нест. Тоҷикистон, ки садди роҳи интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба давлатҳои минтақа ва ҷаҳон гардидааст, сарфи назар ба ҳисороти молию ҷонии худ нақши кишвари буфериро иҷро менамояд.

Солҳои навадӯми асри гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон даврони мубориза бо экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронид ва дар ин роҳ миқдори зиёди фарзандони миллат ҷони худро аз даст доданд. Барои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм асоси ҳуқуқӣ лозим буд. Бинобар ин, соли 1999 барои мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд.

Яке аз муаммоҳои ҳалталаб роҷеъ ба масъала мавриди таҳлил, ин шомилшавии бархе аз ҷавонони мо ба созмонҳои ифротгаро мебошад. Аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ мепайванданд, саводи зарурии динӣ ва ҳамчунин дунявӣ надоранд. Гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Намоиши филмҳои дорои хусусиятҳои террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи интернет сабаби дигари гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паст будани савияи дониши қисми муайяни ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағҳои муфт, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.

Роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба ҳисоб меравад.

Муаммои мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм имрӯз муҳимтарин арзёбӣ мешавад. Яке аз омилҳои муборизаи муваффақона бар зидди ин вабои аср ва боздоштани шомилшавии минбаъдаи ҷавонони Тоҷикистон ба ин гурӯҳҳои ифротӣ метавонад тарбияи ҷавонони воқеан босавод ва бомаърифат бошад.

Қосимова М.И.
– н.и.и.,  муаллими калони кафедраи технологияиҳои
иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ
, ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh